Prophetic Hadeeth Encyclopedia
Search and read verified Prophetic hadeeth translations, explanations, benefits, categories and source attribution.
Search the Hadeeth Encyclopedia
Smart instant results tolerate minor spelling mistakes, with every filter in one place.
Имон ба рӯзи қиёмат
Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз назди ду қабр мегузашт ва фармуд: "Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард". Сип…
Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?" Мард гуфт: "Ҳеҷ чиз омода накардаам, ҷуз он ки ма…
Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад. Пас биҳиште, ки ӯ мегӯ…
Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд
Аз Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳолати тарс вориди ӯ шуд ва гуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд" ва бо ангушти ибҳом ва ишор…
Дар ҳақиқат, бадтарини мардумон касоне ҳастанд, ки қиёмат дар зинда буданашон фаро мерасад ва касоне, ки қабрҳоро масҷид ва ибодатгоҳ мегиранд
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу анлайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дар ҳақиқат, бадтарини ма…
Аллоҳ Таъоло бо ҳар амале, ки дошта бошад, ӯро вориди биҳишт мекунад
Аз Убода (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас гувоҳӣ диҳад, ки нест Худои барҳаққе магар Аллоҳи ягонаи бешарик ва ин ки Муҳаммад бандаи Ӯ ва фиристодаи Ӯст. Ва Исо банда ва фиристода ва калимаи Ӯст, ки ӯро ба Марям и…
Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда мегардонад. Оё дӯзахиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар инсони тундхуйи мутакаббир, ки мардумро таҳқир мекунад (дӯзахӣ аст)
Аз Ҳориса ибни Ваҳби Хузоъӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло са…
Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад"…
Ҳар гоҳ аз мусалмоне дар қабр пурсида шавад, ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст
Аз Бароъ ибни Озиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд. "Ҳар гоҳ аз мусалмоне дар қабр пурсида шавад, ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст". Ва ин мафҳуми сухани Аллоҳ аст:…
Муъминро рӯзи қиёмат ба Парвардигораш наздик мекунанд, то он ки Худо ӯро ба раҳмати худаш фаро гирад
Аз Сафвон ибни Муҳриз ривоят аст, ки гуфт: Марде ба Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) гуфт: Дар бораи наҷво (суҳбати пинҳонӣ миёни банда ва Парвардигораш) аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чӣ шунидаӣ? Ибни Умар гуфт: Ман аз ӯ шунидам, ки мефармуд: "Муъминро рӯзи…
Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст
Аз Абубарзаи Асламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва…

