Prophetic Hadeeth Encyclopedia
Search and read verified Prophetic hadeeth translations, explanations, benefits, categories and source attribution.
Search the Hadeeth Encyclopedia
Smart instant results tolerate minor spelling mistakes, with every filter in one place.
Зиндагии охират
Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад"…
Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст
Аз Абубарзаи Асламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва…
Ҳамоно шумо Парвардигоратонро хоҳед дид, чӣ гунае, ки ин моҳро мебинед ва барои дидани Ӯ дучори сахтӣ ва машаққат намешавед
Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Мо назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будем, он Ҳазрат ба сӯйи моҳ (и пурра) нигарист ва гуфт: "Ҳамоно шумо Парвардигоратонро хоҳед дид, чӣ гунае, ки ин моҳро мебинед ва барои дидани Ӯ дучори сахтӣ в…
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз саҳобаҳо пурсид: "Оё медонед, муфлис (фақир) кист?
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз саҳобаҳо пурсид: "Оё медонед, муфлис (фақир) кист?" Онҳо гуфтанд: Муфлис дар байни мо касе аст, ки молу мулк надошта бошад. Паё…
Ҳар соҳиби тилло ё нуқрае, ки ҳаққи онро напардозад (закоташро надиҳад), рӯзи қиёмат барои ӯ тахтаҳои оташин сохта мешавад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар соҳиби тилло ё нуқрае, ки ҳаққи онро напардозад (закоташро надиҳад), рӯзи қиёмат барои ӯ тахтаҳои оташин сохта мешавад, ва он тахтаҳо дар оташи дӯзах тафсонда мегарданд.…
Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт
Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт. Аммо кофир баро…
Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд
Аз Асмоа духтари Абубакр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парварди…
Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд
Аз Зубайр ибни Аввом ривоят аст, ки гуфт: Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, х…

