Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда мегардонад. Оё дӯзахиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар инсони тундхуйи мутакаббир, ки мардумро таҳқир мекунад (дӯзахӣ аст)
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Ҳориса ибни Ваҳби Хузоъӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда мегардонад. Оё дӯзахиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар инсони тундхуйи мутакаббир, ки мардумро таҳқир мекунад (дӯзахӣ аст)."
Explanation
Аксарияти аҳли ҷаннат “ҳама заиф ва фурӯтан” мебошанд. Яъне, мутавозеъ ва хоксор дар баробари Аллоҳ Таъоло ҳастанд ва нафси худро дар баробари Ӯ кӯчак мебинад, то ҷое, ки баъзе аз мардум ӯро заиф мебинанд ва ҳақир мешуморанд. Агар ин шахси хоксор дар назди Аллоҳ аз рӯи умед ба карами Аллоҳ савганде ёд кунад, Аллоҳ савганди ӯро қабул мекунад, дархосташро бароварда мегардонад ва дуояшро иҷобат мекунад.
Аксарияти аҳли дӯзах бошад, "тундхӯён ҳастанд". Касоне ҳастанд, ки тундхӯ, ситезагар ва бадзабонанд ва ба некӣ тан намедиҳад. Мутакаббир, носипос, пурхӯре, ки дорои ҷисми бузург аст ва бо кибру ғурур роҳ меравад. "Мустакбир" касе, ки ҳақро рад мекунад, намепазирад ва дигаронро таҳқир мекунад.
Benefits
Фурӯтанӣ бояд барои Худои бузург ва ҳукмҳои Ӯ бошад ва дар баробари одамон такаббур наварзидан.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Мақсад он аст, ки аксарияти аҳли ҷаннат инҳо ҳастанд ва аксарияти аҳли дӯзах гурӯҳи дигар ҳастанд, на ин ки ҳамаи онҳо пурра ҳаминхел ҳастанд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

