Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абубарзаи Асламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст."
Explanation
Якум: Умри худро чӣ гуна сипарӣ кард ва дар чӣ сарф кард?
Дуввум: Илми ӯ, оё барои Аллоҳ талаб кард онро? Ва оё бо он амал кард? Ва оё онро ба шахсони сазовор расонд?
Сеюм: Молашро аз куҷо ба даст овард, ҳалол аст ё ҳаром? Ва он молро дар чӣ сарф кард? Дар роҳе, ки Аллоҳро хушнуд месозад ё сабаби нохушнудии Ӯ мешавад?
Чаҳорум: Бадани ӯ ва қуввату саломатӣ ва ҷавониаш, аз инҳо чӣ гуна истифода кард ва дар чӣ роҳе аз онҳо баҳра бурд?
Benefits
Неъматҳои Аллоҳ бар бандагонаш бисёр аст ва аз ӯ дар бораи неъматҳое, ки дар он буд, мепурсад. Бинобар ин бояд неъматҳои Аллоҳро дар роҳе сарф кунад, ки сабаби розигии Ӯ мегардад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

