Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад. Пас биҳиште, ки ӯ мегӯяд, дар ҳақиқат он дӯзах аст ва ман дар бораи ӯ ба шумо ҳушдор медиҳам, чунон ки Нӯҳ қавмашро ҳушдор дод."
Explanation
Ӯ кӯр аст.
Ва Аллоҳ Таъоло ҳамроҳ бо ӯ - он тавр ки ба назар меояд - монанди биҳишт ва дӯзах қарор додааст.
Аммо биҳишти ӯ оташ ва оташаш биҳишт аст. Ҳар ки аз ӯ итоат кунад, ба он биҳишт ворид мешавад, ки мардум онро мебинанд, вале он дар ҳақиқат оташи сӯзон аст. Аммо ҳар ки аз ӯ нофармонӣ кунад, ба дӯзах ворид мешавад, ки мардум онро мебинанд, вале он дар ҳақиқат биҳишти некӯ аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро аз фитнаи Даҷҷол ҳушдор дод, чунон ки Нӯҳ қавми худро огоҳ карда буд.
Benefits
Наҷот аз фитнаи Даҷҷол бо имони содиқона ва рӯй овардан ба Аллоҳ Таъоло ва паноҳ бурдан аз Даҷҷол ба Аллоҳ дар ташаҳҳуди ахир ва ҳифзи даҳ ояти аввали сураи Каҳф мумкин аст.
Шиддати ғамхории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба умматаш, ки барои мусалмонон хислатҳои Даҷҷолро баён кардааст, ки ҳеҷ паёмбаре пеш аз ӯ баён накарда буд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

