Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?" Мард гуфт: "Ҳеҷ чиз омода накардаам, ҷуз он ки ман Аллоҳ ва Паёмбарашро дӯст медорам." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ту бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ."
Анас мегӯяд: Мо аз чизе ба монанди ин сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хушҳол нашудем, ки гуфт: "Ту бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ."
Анас мегӯяд: "Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Абубакр ва Умарро дӯст медорам ва умедворам, ки ба хотири дӯст доштани онҳо бо онҳо хоҳам буд, ҳарчанд ки ба монанди амалҳои онҳо амал накунам."
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: "Барои қиёмат чӣ кори нек омода кардаӣ?"
Саволкунанда гуфт: "Барои он кори бузурге омода накардам, ҷуз ин ки ман Аллоҳ ва Паёмбарро дӯст медорам." Чизи дигаре аз ибодатҳои қалбӣ, баданӣ ва молиро ном набурд, зеро ҳама он ибодатҳо шохаҳои муҳаббат ва ҳосили он ҳастанд ва муҳаббати ростин сабаби талош дар анҷом додани амали нек мебошад.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: "Ту дар биҳишт бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ."
Асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин хушхабар бениҳоят хушҳол шуданд.
Сипас Анас (разияллоҳу анҳу) хабар дод, ки ӯ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Абубакр ва Умарро дӯст медорад ва умедвор аст, ки бо онон хоҳад буд, ҳарчанд аъмоли ӯ мисли аъмоли онҳо набошад.
Benefits
Худованд илми ҳангоми барпо шудани қиёматро аз бандагон пинҳон кард, то инсон ҳамеша барои дидори Аллоҳ Таъоло омода бошад.
Фазилати муҳаббати Аллоҳ ва Расули Ӯ ва муъминони солеҳ ва ҳушдор аз муҳаббати мушрикон.
Сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) "Ту бо касе хоҳӣ буд, ки дӯсташ медорӣ", маънои баробарӣ дар мартаба ва манзилатро надорад, балки маънояш ин аст, ки онҳо дар ҷаннат хоҳанд буд ва ҳар кадоме аз онҳо метавонад дигареро бубинад, ҳарчанд масофа миёни онҳо дур бошад.
Роҳнамоӣ ба мусалмон, ки бо корҳои беҳтару фоидаовар машғул шавад ва аз пурсидани чизҳои бефоида худдорӣ кунад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

