Муъминро рӯзи қиёмат ба Парвардигораш наздик мекунанд, то он ки Худо ӯро ба раҳмати худаш фаро гирад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Сафвон ибни Муҳриз ривоят аст, ки гуфт: Марде ба Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) гуфт: Дар бораи наҷво (суҳбати пинҳонӣ миёни банда ва Парвардигораш) аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чӣ шунидаӣ? Ибни Умар гуфт: Ман аз ӯ шунидам, ки мефармуд: "Муъминро рӯзи қиёмат ба Парвардигораш наздик мекунанд, то он ки Худо ӯро ба раҳмати худаш фаро гирад. Сипас Худованд гуноҳони ӯро ба ёдаш меорад ва ба ӯ мегӯяд: Оё ин гуноҳонатро мешиносӣ? Муъмин мегӯяд: Парвардигоро, бале, мешиносам. Худованд мегӯяд: Ман ин гуноҳонро дар дунё бар ту пӯшида будам, ва имрӯз онҳоро бар ту мебахшам. Сипас ба ӯ дафтари некиҳо ва савобҳояш дода мешавад. Аммо кофирон ва мунофиқон, дар назди ҳамаи махлуқот бо садои баланд нидо карда мешаванд: инҳо ононе ҳастанд, ки бар Худо дурӯғ бастанд."
Explanation
Муъмин дар рӯзи қиёмат ба Парвардигораш наздик карда мешавад ва Худованд ӯро бо пардаи иффат ва пӯшиши Худ аз дигарон пинҳон мекунад, то ҳеҷ кас ҷуз Худо ба сирри ӯ огоҳ нашавад. Сипас Худованд ба ӯ мегӯяд:
Оё фалон ва фалон гуноҳро дар ёд дорӣ? Ва гуноҳонеро, ки байни банда ва Парвардигораш буданд, ба ёдаш меорад.
Муъмин мегӯяд: Бале, Парвардигори ман.
То ин ки муъмин ҳаросон мешавад ва метарсад, Худованд мегӯяд: Ман гуноҳонатро дар дунё пӯшонидам ва имрӯз онҳоро бар ту мебахшам. Сипас ба ӯ номаи некиҳояш дода мешавад.
Аммо кофир ва мунофиқ дар назди ҳамаи халқ нидо карда мешавад: Инҳо он касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ гуфтанд. Огоҳ бошед, лаънати Худо бар золимон бод.
Benefits
Ташвиқ ба пӯшонидани (айбҳои) муъмин то ҳадди имкон.
Ҳамаи аъмоли бандагонро Парвардигори бандагон ҳисоб мекунад. Ҳар кас, ки амали нек пайдо кунад, бояд Худоро ситоиш намояд ва ҳар кас, ки ғайр аз ин пайдо кунад, ҷуз худ касеро маломат накунад ва ӯ зери ирода ва машиати Худост.
Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Маҷмуи аҳодис бар он далолат мекунад, ки гунаҳкорони муъмин дар қиёмат ду гурӯҳанд: Гурӯҳи аввал: гуноҳонашон миёни онҳо ва Парвардигорашон аст. Ҳадиси Ибни Умар нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ худ ба ду бахш ҷудо мешавад: Онҳо, ки гуноҳонашон дар дунё пинҳон буданд ва инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки дар қиёмат низ Худованд гуноҳонашонро мепӯшонад. Ин бо матни сареҳи ҳадис собит аст. Онҳо, ки гуноҳонашон ошкоро буд ва мафҳуми ҳадис далолат мекунад, ки онҳо бар хилофи гурӯҳи аввал хоҳанд буд. Гурӯҳи дувум: гуноҳонашон байни онҳо ва дигар бандагон аст. Ин гурӯҳ низ ду навъ аст: Онҳо, ки гуноҳонашон аз некиҳояшон бештар аст, инҳо ба дӯзах меафтанд, сипас бо шафоат берун оварда мешаванд. Онҳо, ки гуноҳ ва некиҳояшон баробар аст, инҳо то вақте ки байни онҳо қазияи тасвияи ҳисоб анҷом нашавад, ба биҳишт дохил намешаванд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

