ҒИЗОИ ҚАЛБҲО

ҒИЗОИ ҚАЛБҲО

Рӯзҳо мегузарад, вақт дароз аст ва қалбҳо сахт гашта дар ғафлат мондааст. Ва қалб бошад аз ёди Аллоҳ ва сухан аз Аллоҳ ва сухан аз охират лаззат мебарад.
Ту агар наҷотро бихоҳӣ, пас ба дастовези муҳкаме чанг бизан. Ва ба осори раҳмати Парвардигорат назар бикун.
Агар ҷисми инсон аз таому шароб сер нагардад, сабаб он аст, ки қалб аз зикри Аллоҳ сер нест. Зикри Аллоҳ ҳаёти қалб ва роҳати он аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Мисоли оне, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва оне, ки Парвардигорашро ёд намекунад, ба монанди мурда ва зинда аст». Бухорӣ ва Муслим.
Аллоҳ таъоло фармуд: «Онон, ки имон оварданд ва қалбҳояшон ба ёди Аллоҳ ором мегирад. Огоҳ шав қалбҳо ба ёди Аллоҳ ором мегиранд». Раъд 28.

ҚАЛБИ ЗИНДА

ҚАЛБИ ЗИНДА

Аллоҳ таъоло фармуд: «Оё касе, ки мурда буд ва мо ӯро зинда сохтем ва барои ӯ нуре пайдо кардем, ки бо он дар миёни мардумон меравад, монанди касе бошад, ки сифаташ ин аст, ки дар торикиҳост ва аз он беруноянда нест? Ҳамчунин он чи кофирон мекарданд дар назараашон ороста карда шудааст».

Аллоҳ таъоло аз шахси кофире мисол меорад, ки дар зулумоту гумроҳӣ зиндагӣ мекард, пас ӯро Аллоҳ зинда кард ва ба ӯ нуре ато кард, ки байни мардум мегашт. Ва маънои зинда кард, дар ин оят яъне қалбашро баъд аз он ки мурда буд, зинда кард. Пас қалбҳо ду навъ аст: 1. Қалби зинда. 2. Қалби мурда.

Пас маънои мурдани қалб чист?
Қалб чизе аст, ки Аллоҳ онро барои шинохти ҳақ ва амал ба он халқ кардааст. Ва агар қалб ҳақро нашинохт ва ба он амал накунад, пас аз вазифае, ки дошт берун гардад. Вазифае, ки барои он халқ шуда буд. Пас ӯ ба мисли як узви мурда аст, ки аз он ҳеҷ хайре нест.

Бинобарин Аллоҳ таъоло байни оне, ки ҳақро шинохта имон меорад ва оне, ки ҳақро қабул накарда рӯйгардон мешавад, қалби аввалро қалби зинда ва қалби дуввумро қалби мурда номид. Аллоҳ таъоло фармуд: «Пас бар Аллоҳ таваккул бикун, ба дурусти ки ту бар дини рости равшан ҳастӣ. Ба таҳқиқ ту овозро ба мурдагон шунавонида наметавонӣ ва ба карон вақте ки онҳо пушт дода рӯй бигардонанд, шунавонида наметавонӣ. Ва ту барои кӯрон роҳнамоянда нестӣ, то аз гумроҳии хеш бозоянд. Ту намешунавонӣ , магар касеро, ки ба оятҳои Мо имон овардааст. Пас ин ҷамоа гарданниҳандагонанд». Намл 79,81.

Акнун қалб чи тавр мемирад ва чи тавр зинда мегардад?
Аллоҳ таъоло фармуд: «Ва Ӯ он Парвардигоре аст, ки барои шумо шунавоӣ ва биноӣ ва қалбҳоро биофарид, андаке шукргузорӣ мекунед?». Муъминун 78.

Ва инҳо ҳама ҳақро мешиносанд ва саййиди онҳо қалб аст. Албатта Аллоҳ ба инсон шунавоӣ, биноӣ ва қалбро ато кард, то Парвардигорашро бишносад ва танҳо Ӯро ибодат карда ба Ӯ чизеро шарик наорад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳар кӯдаки навзод, ки таваллуд мешавад, дар фитрат таваллуд мешавад, яъне дар Ислом таваллуд мешавад. Пас падару модараш ӯро яҳӯдӣ, насронӣ ё маҷусӣ мекунанд. Монанди чаҳорпоён, ки фарзанди худро таваллуд мекунанд, оё дар миёни онон гӯшбуридае мебинӣ?». Бухорӣ.

Ва дар байни мардум инсонҳое ҳастанд, ки қалби зинда ва бино доранд. Онҳо Парвардигорашонро шинохтанд ва ба Ӯ имон оварданд ва пайравӣ ҳаққе шуданд, ки онро нозил кардааст.

Ва дар байни мардум инсонҳое ҳастанд, ки Аллоҳро шинохта имон оварданд ва пайравӣ ҳавову ҳавас нашуданд. Пас Аллоҳ таъоло қалбашонро зинда гардонда ба он ҳаёт ва нурро ато фармуд.

Ва аз онҳо инсонҳое ҳастанд, ки инкор намуда, рӯй гардонданд. Пас қалбашон бимурд. Пас он дар зулумоту торикие аст, ки аз он берун шуда наметавонад.

Ва асли ҳаёти қалб ин аст, ки дар он маъбуде ба ҷуз Аллоҳи ягона вуҷуд надошта бошад.

Ва бузургтарин сабаби марги қалб ин аст, ки банда ба Парвардигораш кофир гардад ва ё ба Ӯ чизеро шарик орад. Бинобарин он шахсе, ки қалбаш мурдааст, гӯшаш ҳақро намешӯнавад ва чашмонаш кӯр аст, ки ҳақро намебинад.

Аммо қалбҳои зинда гуногун ҳастанд, ки Аллоҳ он нурро ба қалбҳои бандагон нозил мекунад. Аллоҳ рӯҳро амр мекунад, ки бо он қалб зинда мегардад. Ва нуре медиҳад, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад. Аллоҳ таъоло фармуд: «Ва ҳамчунин Қуръонро аз каломи Худ ба сӯйи ту ваҳй фиристодем. Ту намедонисти, ки китоб чист ва намедонисти, ки имон чист. Валекин вайҳро равшан сохтем. Ҳар киро мехоҳем аз бандагон ҳидоят менамоем». Шуро 52.

Бинобарин ҳар бандае, ки ваҳйи Илоҳӣро қабул дорад, қалби зинда, ҳаёти бузург ва неъматҳои онро ноил гардад. Ва бандае, ки чи қадар аз қабули ваҳйи Илоҳӣ дур гардад, ҳамон қадар ҳаёташ заъиф гашта, биноияш суст мешавад. Аллоҳ таъоло фармуд: «Эй муъминон, чун Аллоҳу Расул шуморо барои он чизе, ки шуморо зиндадил месозад, бихонанд, он хонданро қабул кунед. Ва бидонед, ки Аллоҳ дар миёни мард ва қалби ӯ ҳоил мешавад (яъне азамати ӯро беасар мекунад) ва бидонед, ки ба сӯйи Ӯ барангехта хоҳед шуд». Анфол 24.

Тарҷумаи Ҷамолиддинзода Фирдавс.

ҚАЛБИ ТАРСАНДА

ҚАЛБИ ТАРСАНДА

Аллоҳ таъоло фармуд: «Ҷуз ин нест, ки муъминон он касоне ҳастанд, ки чун Аллоҳро ёд карда шавад қалбашон битарсад». Анфол 2.
Хавфи қалб, ки тарсу ҳайбате аст, ки наздик ба муҳаббати Аллоҳ аст. Ҳаргоҳ банда Аллоҳро ба ёд меорад ва зикр мекунад, он тарс пайдо мешавад.

Ва тарс аз Аллоҳ бо ин сабабҳо пайдо мегардад:
1. Оне, ки Аллоҳро бишносад дар қалбаш бузургиву ҳайбати ӯ пайдо мегардад, пас аз ӯ тарсида тақво пеша мекунад. Дар ҳадис омадааст: «Яке аз уламои яҳӯд ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам омад ва гуфт: Эй Муҳаммад, мо дар Таврот хондем, ки Парвардигор осмонҳоро бар як ангушт ва заминро бар як ангушт ва дарахтонро бар як ангушт ва обро бар як ангушт ва хокро бар як ангушт ва дигар махлуқотро бар як ангушт қарор медиҳад ва мегӯяд: Ман подшоҳ ҳастам. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз боби тасдиқи суханаш чунон хандиданд, ки дандонҳои пешашон намоён шуд. Сипас ин оятро тиловат карданд: «Ва Аллоҳро ба андозаи ҳаққи шинохти ӯ нашинохтанд. Ва рӯзи қиёмат ҳамон замин якҷо дар мушти Ӯ бошад ва осмонҳо дар дасти рости Ӯ печида шаванд. Покӣ Ӯро аст ва аз ончи шарики Ӯ муқаррар мекунанд, бартар аст». Зумар 67.

2. Ва аз ҷумлаи сабаби тарси қалб, ин тарсидан аз он, ки оё тоати ман ба даргоҳи Илоҳӣ қабул бошад ва ё не?
Пас оне, ки бузургии Парвардигорро шинохт, худро дар назди Парвардигор ҳеҷ медонад, шарм медорад, ки амалҳояш ба назди Парвардигор бардошта шавад ва метарсад, ки қабул нагардад.
Ҳароина Оиша разияллоҳу анҳо аз маънои ин оят аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам пурсид: «Ва онон, ки он чи бояд бидиҳанд, медиҳанд ва дилҳояшон ба сабаби он, ки онҳо ба сӯи Парвардигори хеш хоҳанд бозгашт, тарсон аст». Муъминун 60. Гуфт: Оё онҳо касоне ҳастанд, ки арақ менӯшанд ва дӯздӣ мекунанд? Фармуданд: Не, эй духтари Сиддиқ. Онҳо касоне ҳастанд, ки рӯза медоранд ва намоз мехонанд ва садақа медиҳанд ва онҳо тарс аз он доранд, ки амалҳо оё қабул мешавад? Пас давоми оятро хонданд: «Ин ҷамоа дар некиҳо саъй мекунанд ва онҳо ба сӯи он сабқаткунанда ҳастанд».

3. Ва аз ҷумлаи сабабҳои тарси қалб, тарсидан аз азоби Парвардигор бар гуноҳоне, ки даст ба он зада буд. Зеро ягон гуноҳе нест, ки он азоб надошта бошад, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират, модоме, ки банда аз он тавба накарда бошад. Аллоҳ таъоло фармуд: «Ҳар ки кори бад кунад ба он ҷазо дода хоҳад шуд ва барои худ ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае наёбад». Нисо 123.

Қалби шахси муъмин ҳар гуноҳро бузург медонад. Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу гуфт: «Албатта шахси муъмин гуноҳашро ҳамчу як шахс дар зери кӯҳ медонад ва метарсад, ки дар зери он мемонад. Ва шахси фоҷир бошад, гуноҳи худро ба мисли пашша медонад, ки гуё он ба биниаш нишаста бошад ва ӯ онро бо дасташ раҳо кунад». Бухорӣ.

Ба оташи дӯзах танҳо кофирон дохил намегардад, балки баъзе мусалмонони гунаҳкор низ бо гуноҳонашон дохили он мегарданд. Онҳое, ки аз гуноҳонашон дар ин дунё тавба накарда вафот карда буданд, Аллоҳ онҳоро дар рӯзи ҳисоб низ мағфират намекунад.

Паёмбар саллалоҳу алайҳи васаллам фармуданд: «Дар рӯзи қиёмат қавме дар сафи аҳли дӯзах меистанд, бо гуноҳоне, ки карда буданд. Пас Аллоҳ таъоло ба фазлу раҳмати Худ онҳоро ба ҷаннат дохил мекунад. Ва онҳоро дар ҷаннат, дӯзахиҳо номида шавад». Бухорӣ.

Тарҷумаи Ҷамолиддинзода Фирдавс.

ҚАЛБИ СОДИҚ

ҚАЛБИ СОДИҚ

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳеҷ бандае нест, ки содиқона ва аз таҳи қалб гувоҳӣ диҳад, ки маъбуди барҳаққе ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва шаҳодат диҳад, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, магар ин ки Аллоҳ таъоло Ӯро бар оташи дӯзах ҳаром гардонад».
Ва калимаи тавҳидро инсон фақат ба забонаш орад, пас ӯ дурӯғгӯ аст, ба монанди мунофиқон, зеро бояд забон тобеъи қалб бошад, ки ин сифати содиқон аст.
Бинобарин қалбҳо бар ду навъ ҳастанд:
1. Қалби содиқ. 2. Қалби козиб.
Бештари мардуми мо даъвои имондорӣ мекунанд, лекин ба ҳамаи он далелу бурҳон лозим аст, то аз ҷумлаи содиқон гардад, магар ин ки ӯ дурӯғгӯ аст. Аллоҳ таъоло амр кардааст, то бандагонашро бо хайру шарр имтиҳон бикунад, то қалби ростгӯ аз қалби дурӯғгӯ фарқ бикунад. Аллоҳ таъоло фармуд: «Алиф, лом, мим. Оё мардумон пиндоштанд, ки ба муҷарради он, ки гӯянд: Имон овардем, гузашта шаванд ва онҳо имтиҳон карда нашаванд? Ва ба дурусти, ки ононро ки пеш аз онҳо буданд, имтиҳон кардем. Пас Аллоҳ ононро, ки рост гуфтанд, албатта маълум кунад ва дурӯғгуёнро ҳам албатта маълум созад». Анкабут:1.3.
Ва дар вақти зоҳир шудани фитна, бандае, ки Аллоҳро дӯст медорад ва бар ӯ умед дорад ва аз ӯ метарсад ва содиқона амал мекунад, шояд ба ҳамаи инҳо ӯ дурӯғгӯ бошад.
Ва аммо ҳоли мунофиқонро Аллоҳ хабар дода чунин фармудааст: «Ва аз онҳо касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ аҳд бастанд. Агар аз фазли Худ моро бидиҳад, албатта садақа диҳем ва аз некукорон бошем. Пас вақте, ки онҳоро аз фазли худ бидод, ба он бахилӣ карданд ва эърозкунон бозгаштанд. Пас Аллоҳ нифоқро дар дилашон то рӯзе, ки бо Вай мулоқот кунанд, оқибати ҳолашон сохт, ба сабаби он, ки бо Аллоҳ дар ончи бо вай ваъда карда буданд, хилоф карданд ва ба сабаби он, ки дурӯғ мегуфтанд». Тавба :75,77.

Ва аммо ҳоли муъмини содиқ ба мисли ҳоли Анас ибни Назр аст, ки Анас ибни Молик гуфт: Амакам Анас ибни Назр разияллоҳу анҳу дар ҷанги Бадр ҳузур надошт, аз ин рӯ ба Расуллуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам гуфт: Эй Расули Аллоҳ, дар нахустин ғазвае, ки бо мушрикон ҷангидӣ, ширкат надоштам, агар Аллоҳ тавфиқам диҳад, ки дар ҷанги дигаре рӯ ба рӯйи мушрикон қарор бигирам, Аллоҳ ба мардум нишон хоҳад дод, ки чи хоҳам кард. Вақте, ки ҷанги Уҳуд рӯй дод ва мусалмонон пароканда шуданд, Анас ибни Назр разияллоҳу гуфт: Бор Илоҳо! Ман аз коре, ки инҳо, яъне мусалмонон анҷом доданд, узрхоҳӣ мекунам ва коре, ки инҳо, яъне мушрикон карданд, безорӣ меҷӯям. Онгоҳ ба сӯйи пеш рафт. Дар ин миён Саъд ибин Маъоз разияллоҳу анҳу ӯро дид, амакам ба Саъд ибни Маъоз гуфт: Эй Саъд ибни Маъоз, қасам ба Парвардигори Каъба ин биҳишт аст, ки бӯйи онро аз сӯйи кӯҳи Уҳуд ҳис мекунам. Саъд разияллоҳу анҳу ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам мегуфт: «Ончи ӯ кард аз тавони ман хориҷ аст». Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд: Ӯро дидам, ки кушта шуда буд. Ва зиёда аз ҳаштод ҷойи баданаш захми шамшер, зарби найза ва асари тирро дида мешуд. Ва ҳеҷ кас ӯро нашинохт, магар хоҳараш, ки он ҳам аз рӯйи ангуштонаш буд. Ва назари мо ин аст, ки ин оят дар ҳаққи ӯ ва амсолаш нозил шудааст, ки Аллоҳ таъоло дар сураи Аҳзоб ояти 23 фармуд: «Дар миёни муъминон мардоне ҳастанд, ки ба аҳд ва паймоне, ки бо Аллоҳ баста буданд, содиқона вафо карданд. Баъзе аз онон то охир бар аҳд ва паймони худ истоданд ва дар ин роҳ даргузаштанд ё шаҳид шуданд ва баъзеи дигар ҳанӯз чашми интизори шаҳодат ҳастанд. Ва ҳаргиз паймони худро дигаргун насохтааанд». Бухорӣ ва Муслим.
Аллоҳ таъоло ростгӯ будани қалби бандаро медонад, бинобарин бар ӯ аҷру савоби бепоён медиҳад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд: «Дунё барои чаҳор нафар аст, бандае, ки Аллоҳ таъоло сарват ва амале ба ӯ додааст ва ӯ дар ин бора тақвои Илоҳӣ пеша месозад ва бо ин васила робитаи хешовандиашро ҳифз мекунад ва медонад, ки Аллоҳ дар он ҳаққе дорад. Чунин банда дар болотарин дараҷа ва беҳтарин ҷойгоҳ мебошад. Ва бандае, ки Аллоҳ ба ӯ илму дониш додааст, аммо сарвату бойгарӣ надодааст ва ӯ дар нияташ содиқ аст, мегӯяд: Агар сарвате медоштам, ба монанди фалонӣ рафтор мекардам. Бинобарин мутобиқи нияташ аҷру савоб мегирад ва подоши ҳарду баробар аст». Тирмизӣ.

Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло

Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло

Албатта ҳамаи шумо мехоҳед, ки аз аҳли Фирдавсул аъло бошед. Пас бароятон ҳафт сифати онҳоро зикр мекунам:
1. Имон овардан ба Аллоҳ ва ба Расули Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
2. Хушӯъ дар намоз: Яъне, намозро бо оромӣ ба охир расондан ва ба монанди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам намоз гузоридан аст.
3. Худдорӣ аз суханҳои беҳудае, ки фоидае надорад.
4. Адои закоти мол.
5. Ҳифзи фарҷ: Яъне, огоҳ бошед, ки фарҷатон шуморо аз дохили шудан ба Фирдавсул аъло боз надорад.
6. Адои амонат: Яъне, ҳама чиз барои ту амонат аст, дарс хонданат, васияте, ки шунидӣ ва моле, ки гирифтӣ ва ғайраҳо. Пас ба амонатҳо хиёнат макун.
7. Намозро дар вақташ адо намудан: Намози Бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтан.
Аллоҳ таъоло фармуд: «Ба дурустӣ ки мӯъминон растагор шуданд. Ҳамонҳое, ки дар намози хеш ниёишкунандаанд. Ва ҳамонҳое, ки аз беҳуда рӯйгардонанд. Ва ҳамон касоне, ки адокунандаи закотанд. Ва ҳамон касоне, ки шармгоҳи худро нигоҳдорандаанд, магар бар занони хеш, ё канизаконе, ки милки дасти онҳо аст. Пас, ба дурустӣ ки инон накӯҳида нестанд. Пас, ҳар ки ғайри инро талаб кунад, он ҷамоа аз ҳад гузарандаанд. Ва ҳамонҳое, ки амонатҳои худ ва аҳди худро риояткунандаанд. Ва ҳамонҳое, ки бар намозҳои худ муҳофизаткунандаанд. Ин ҷамоа он ворисонеанд, ки Фирдавсро ба мерос баранд. Онҳо он ҷо бошандаи ҷовиданд».
Мӯъминун: 1-11.

АМР БА МАЪРУФ ВА НАҲЙ АЗ МУНКАР

АМР БА МАЪРУФ ВА НАҲЙ АЗ МУНКАР

Оё падару модар ва бародар ва хешу табори худро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бикунем?
Дар шариъат машруъ он аст, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва даъват бояд аввал аз хешу табор ва ҳамнишинон сар шавад. Аллоҳ таъоло ба Паёмбар ﷺ мегуяд: “Ва хешовандони наздики худро бим кун”. Сураи Шуъаро: 214. Ва инчунин мефармояд: “Эй ононе, ки имон овардед, худ ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташангези он мардумон ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред”. Сураи Таҳрим: 6. Пас шахси муъмин аз атрофи худ даъватро шуруъ кунад. Аллоҳ таъоло ба Паёмбари худ ﷺ мегуяд: “Ин китобе аст, ки бар ту фуруд оварда шуд, пас бояд дар синаи ту аз он ҳеҷ тангӣ набошад. (яъне аз таблиғи он) то ба он бим куни”. Сураи Аъроф: 2. Ва Аллоҳ таъоло барои мо дар бисёр сураҳо мисолҳо овардааст: Ба мисли қиссаи Иброҳим алайҳис салом бо ҳамроҳии падараш. Ва қиссаи Нуҳ алайҳис салом бо ҳамроҳии писараш ва қиссаи Фиръавн (лаънати Аллоҳ
бар ӯ бод) бо ҳамроҳии занаш, ки бояд мо ин қиссаҳоро бихонем!.

ХЎРДАНИҲО ВА НЎШИДАНИҲО

ХӮРДАНИҲО ВА НӮШИДАНИҲО

Асл дар хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо он ҳама ҳалол аст. Аллоҳ фармудааст; Эй мардум аз ончи дар рӯйи замин ҳалолу покиза аст, бихӯред». Бақара 168. Магар он чизҳое, ки ба ҳалол будани он далел омада бошад. Ба мисли худмурда, хун, гӯшти хук, хамр ва ғайраҳо.
Ва инчунин тановули баъзе чизҳое, ки дар шариъат ҳаром аст:
1. Ҳама он чизҳое, ки ба инсон зарар аст ва собит шудааст. Аллоҳ фармуд: «Ва нафси худро накушед». Нисо29.
2. Хӯрданӣ ва нӯшиданиҳои наҷас. Аллоҳ фармуд:«Ва ба инҳо нопокизаҳоро ҳаром мекунад». Аъроф 157.
3. Мухаддарот, сигор ва ҳама навъҳои он ҳаром аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд; «Ҳар чизи масткунанда хамр ва ҳар хамр ҳаром аст». Муслим.
Инчунин нӯшидани давоҳои зараровар, магар дар ҳолати зарурот ва ҳоҷат ба он доштан, ки он ҳама бо тавсияи табиби мутахассиси ҳамон соҳа.

ЗИЁРАТИ ҚАБРҲО

ЗИЁРАТИ ҚАБРҲО

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам уммати худро васият ба зиёрати қабрҳо карданд, ки он охиратро ба ёд меорад ва он се навъ аст:
1. Зиёрати шаръӣ: Ин зиёрат барои дуои мурдагон, раҳм кардан ба онҳо ва ба ёд овардан охират аст.
2. Зиёрати бидъатӣ: Мақсади ин зиёрат ибодат бошад, ба мисли қироъати Қуръон, намоз, қурбонӣ ва ғайраҳо. Инҳо ҳама васила ба сӯйи ширк аст.
3. Зиёрати ширкӣ: Мақсади ин зиёрат, дуои соҳиби он қабр ва талаби ёрӣ аз онҳо, қурбонӣ ва назр ба онҳо ва ғайра аз ибодатҳое, ки ҳама ширк ба Аллоҳ аст.

Суннат аст, ки шахси зиёраткунанда ба қабрҳо салом диҳад ва дар ҳаққи соҳиби он қабр ва дигар мусалмонон дуо бикунад. Ҳадиси Бурайда разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: «Вақте, ки ба қабристон мебаромадем Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам ба мо чи тавр салом доданро таълим доданд: «Ассалому алайкум муъминон ва мусалмононе, ки сокини ин диёр ҳастед, Аллоҳ бар гузаштагон ва ояндагони мо раҳм бикунад ва мо низ ба хости Аллоҳ ба шумо хоҳем пайваст. Аз Парвардигор мепурсем, ки ба шумо ва бар мо офият ато фармояд». Муслим.

ДАҚИҚАҲОИ ҚИМАТБАҲО

ДАҚИҚАҲОИ ҚИМАТБАҲО

Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт; «Эй фарзанди Одам, ҳароина ту ин рӯзҳо ҳастӣ, агар як рӯзи ту рафт, пас баъзеи он рафтааст». Ва вақти ту ҳамон умри ту аст. Албатта он сарвати ҳақиқӣ аст. Барои он ки он маҳдуд шудааст. Агар рафт, пас дигар боз намегардад. Зеро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ду неъмат аст, ки бисёр мардум аз он зиён мебинанд, яъне аз он кам истифода мебаранд ва он ду неъмат; Тандурустӣ ва фароғат аст». Бухорӣ.
Ин ду неъмате аст, ки мардум қадри онро намедонанд ва аз он фоида намегиранд.Ва ин ишора бар он аст, ки ин ду неъматро ғанимат бидонем ва ҳифзкунандаи он бошем. Рамазон дар як сол як моҳ аст, ки ба мисли абр хеле босуръат мегузарад. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ таъоло фармуд; «Рӯза доштан дар чанд рӯзи шумурдашуда аст». Бақара 184. Лекин Аллоҳ таъоло дар ин моҳ шаберо гузоштааст, ки он шаб беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Ҳароина ин рӯзҳои моҳи Рамазон, рӯзҳои кам аст. Пас онро ғанимат дониста беҳуда сарф макун.
Бисёр тиловати Қуръон ва зикри Аллоҳ бикун. Суннатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро иҷро карда намозҳои нафли бихон. Дуоҳои нек бикун. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бикун. Дар ҳама аҳвол аз Аллоҳ битарс. Дар ошкор ва пинҳон даст ба гуноҳ мазан. Ба бародарони мусалмонат насиҳат бикун. Онҳоро ба намоз даъват намо. Ин вақтҳои бофазилатро ғанимат шуморида дар дуо ва зикри Аллоҳ бош. Хоссатан дар сеяки охири шаб, байни азон ва иқомат, вақти ифтор, баъди намози бомдод, то баромадани офтоб.
Пас бидонем, ки қалби инсон дар ҳар задан чунин мегӯяд; «Албатта ин ҳаёт дақиқаҳо ва сонияҳост».

ҲУКМИ ҚИРОАТИ ҚУРЪОН АЗ МУСҲАФ ДАР НАМОЗҲОИ НАФЛИ

ҲУКМИ ҚИРОАТИ ҚУРЪОН АЗ МУСҲАФ ДАР НАМОЗҲОИ НАФЛӢ

حكم قراءة القرآن من المصحف في صلاة النفل

Ҷоиз аст, ки имом дар намози таровеҳ аз мусҳаф қироъат бикунад. Зеро ин роҳ беҳтар аст, ки ҳама муқтадиҳо тамоми оятҳои Қуръонро аз имом бишнаванд. Бо ин далел аз Қуръон ва Суннат омадааст, ки далолат ба ҷоиз будани қироъат дар намозро мекунад, ки имом аз мусҳаф хонад ва ё аз ёди худ.
Аз Оиша разияллоҳу анҳо ривоят, ки ӯ ба хидматгори худ Зиквон амр кард, то дар моҳи Рамазон ба онҳо имом бошад ва Зиквон аз мусҳаф қироъат мекард. (Бухорӣ).
Лекин агар имом ҳофизи Қуръон бошад ва аз ёди қалбаш Қуръонро қироъат кунад, дар ин ҳолат зарур нест, ки аз мусҳаф бихонад. Ва ин афзалтарин роҳ аст. Зеро ҷамъкунандаи қалб ва ҷалбкунандаи хушуъ мебошад. Ва аммо он танҳогузоре, ки Қуръонро ҳифз накардааст, ба ӯ ҷоиз аст, ки аз мусҳаф дар намози таровеҳ қироъат бикунад. Зеро ин амал беҳтар аз тарк кардани Қуръон дар шабҳои Рамазон аст.