Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ ростгӯ ва тасдиқшуда аст ба мо чунин фармуданд: "Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки ба муддати чиҳил рӯз дар батни модар, ҷамъ меояд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ ростгӯ ва тасдиқшуда аст ба мо чунин фармуданд: "Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки ба муддати чиҳил рӯз дар батни модар, ҷамъ меояд. Сипас чиҳил рӯзи дигар ба хунпора табдил меёбад, пас аз он чиҳил рӯзи дигар ҳамчун гӯштпора. Сипас фаришта фиристода мешавад ва ба навиштани чаҳор чиз: ризқ, марг, амал ва инки ӯ бадбахт аст ё хушбахт, амр шуда, дар ӯ рӯҳ дамонда мешавад. Савганд ба зоте, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, яке аз шумо амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва ҷаннат ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали дӯзахиёнро анҷом дода, вориди ҷаҳаннам мешавад. Ҳамин гуна яке аз шумо амали дӯзахиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва дӯзах ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад".
Explanation
Ӯ як шахси бадбахт хоҳад буд ва ё хушбахт. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савганд ёд мекунад, ки шахсе амалҳои биҳиштиёнро анҷом медиҳад, ба гунае ки ба чашми мардум амали нек вонамуд мегардад, то инки миёни ӯ ва биҳишт ба андозаи як зироъ (як газ) мемонад, (яъне: миёни ӯ ва расидан ба биҳишт фосилае ҷуз як газ намемонад), аммо тақдир ва ончи бар ӯ навишта шудааст ғолиб омада ногоҳ амале аз амалҳои дӯзахиёнро анҷом дода поёни кораш ворид шудан ба ҷаҳаннам аст. Зеро шарти қабули амал устуворӣ дар он аст. Ҳамин гуна шахсе амалҳои аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то инки барои ворид шудан ба дӯзах ҷуз масофаи як зироъ намемонад, ногаҳон тақдир бар ӯ ғолиб омада амале аз амалҳои биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад.
Benefits
Аз мағрур шудан ба зоҳири амалҳо бояд барҳазар буд, зеро тамоми кор вобастагӣ ба анҷом ва поёни он дорад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

