Дуои байни азон ва иқома рад намешавад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дуои байни азон ва иқома рад намешавад".
Explanation
Benefits
Агар дуокунанда бо одобҳои дуо ороста бошад, дар маконҳо ва замонҳои беҳтар дуо кунад, аз нофармонӣ ба Худо дурӣ ҷӯяд, худро аз шубҳаҳо ва чизҳои гумроҳкунанда нигоҳ дорад ва нисбат ба Худо гумони нек дошта бошад, сазовори он аст, ки - бо хости Худо - дуояш пазируфта шавад.
Муновӣ дар бораи иҷобати дуо гуфтааст: Баъд аз ҷамъ овардани шартҳо, рукнҳо ва одобҳои дуо, агар чизе аз онҳоро амалӣ накард, ғайр аз худаш дигар касеро маломат накунад.
Иҷобати дуо чанд ҳолат дорад: ё зуд иҷобат мешавад, ё ба ҷойи он шарре аз ӯ дур карда мешавад, ё савоби он дар охират барояш захира карда мешавад. Ин ҳама тибқи ҳикмат ва раҳмати Худованд сурат мегирад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

