HadeethEnc · 1.20.0
Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш дар ҳоли саҷда будан аст, пас дар ин лаҳза бисёр дуо кунед
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш дар ҳоли саҷда будан аст, пас дар ин лаҳза бисёр дуо кунед".
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигор дар ҳолати саҷда будан аст, зеро дар ин ҳолат намозгузор гиромитарин узви бадани худро аз рӯи фурӯтанӣ ва хоксорӣ ва тавозуъ дар баробари Аллоҳи Мутаъол, бар замин мегузорад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур додаанд, ки банда то метавонад дар ҳоли саҷда бештар дуо кунад, ки он фурӯтанӣ назди Худованд дар қавл ва дар амалро ба ҳам меорад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур додаанд, ки банда то метавонад дар ҳоли саҷда бештар дуо кунад, ки он фурӯтанӣ назди Худованд дар қавл ва дар амалро ба ҳам меорад.
03
Benefits
Тоату ибодат бандаро ба Аллоҳи Мутаъол наздиктар мекунад.
Бисёр дуо кардан дар ҳоли саҷда амали мустаҳаб аст, зеро он аз ҳолатҳое аст, ки дуо қабул мешавад.
Бисёр дуо кардан дар ҳоли саҷда амали мустаҳаб аст, зеро он аз ҳолатҳое аст, ки дуо қабул мешавад.
Attribution
[رواه مسلم]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

