Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳамоно Худованд пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон, аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿ [Сураи Муъминун, ояти 51]; ва муъминонро фармуд: ﴾Эй муъминон, аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред﴿ [Сураи Бақара, ояти 172].
Сипас паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!".
Explanation
Худованд мефармояд: (Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам), дар ҷои дигар мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред).
Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз хӯрдани ҳаром, ки амалро фосид месозад ва монеи қабул шудани он мегардад, ҳушдор доданд, ҳарчанд инсон тамоми сабабҳои зоҳирии қабулро анҷом диҳад. Аз ҷумлаи ин сабабҳо:
Аввал: Сафар кардан ба хотири тоатҳо, монанди ҳаҷ, ҷиҳод, силаи раҳм ва ғайра.
Дувум: Зоҳири номураттаб: мӯйҳои парешон ва шона назада, хоколуд, либоси ифлос, яъне дар ҳолати ночорӣ ва ниёзмандӣ.
Севум: Дастони худро ба сӯи осмон барои дуо мебардорад.
Чаҳорум: Бо номҳои Аллоҳ дуо мекунад ва бо исрор мегӯяд: "Ё Рабб! Ё Рабб!"
Аммо бо вуҷуди ин ҳама нишонаҳои иҷобати дуо, дуояш қабул намешавад! (Чаро?) Зеро хӯрокаш ҳаром, нӯшокиаш ҳаром, либосаш ҳаром ва бо ҳаром парвариш ёфтааст. Пас, имкон надорад дуои касе, ки дорои ин гуна хусусиятҳо аст, қабул шавад. Чӣ гуна дуои касе, ки бо ҳаром бузург шудааст, қабул шавад!?
Benefits
Амр ба ихлос дар амалҳо барои Аллоҳ ва пайравӣ аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Бо истифода аз он чизе, ки ба амал ташвиқ мекунад. Чунон ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Худованд муъминонро ба он чи ба паёмбарон фармудааст, фармон додааст". Пас, агар муъмин донад, ки ин яке аз фармудаҳои паёмбарон аст, ба ӯ қувват мебахшад ва ба иҷрои он ташвиқ меёбад.
Аз ҷумлаи монеаҳои истиҷобати дуо хӯрдани ҳаром ва парвариш ёфтан бо молу ғизои ҳаром аст.
Аз сабабҳои иҷобати дуо панҷ чиз аст: 1. Дарозии сафар, зеро он боиси шикастагӣ ва ниёзмандии қалб мешавад, ки аз бузургтарин сабабҳои иҷобат аст. 2. Ҳолати дармондагӣ ва бечорагӣ. 3. Боло бурдани дастон ба самти осмон аз одоби дуо аст. 4. Илтиҷо ва исрор дар дуо, бо такрори «Ё Рабб, ё Рабб», ки аз роҳҳои бузурги иҷобат мебошад. 5. Хӯрданӣ ва нӯшидании ҳалол.
Хӯрдани ҳалол ва покиза аз сабабҳои кумак кунанда барои амали нек аст.
Қозӣ гуфтааст: «Тайиб - пок» муқобили «хабис - палид» аст. Вақте ки ин сифат ба Худо нисбат дода мешавад, мақсад он аст, ки Ӯ аз нуқсонҳо пок ва аз офатҳо муқаддас аст. Вақте ки бе қайд, ба банда нисбат дода мешавад, мақсад он аст, ки ӯ аз ахлоқи паст ва аъмоли зишт пок буда, бо зидди онҳо ороста аст. Ва вақте ки ба мол нисбат дода мешавад, мақсад он аст, ки он мол ҳалол ва аз беҳтарин молҳост.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

