Ҳар кас баъд аз ҳар намоз сию се бор тасбеҳ гӯяд ва сию се бор ҳамд гӯяд ва сию се бор такбир гӯяд, яъне наваду нуҳ бор. Ва дар такмили сад: "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир" бигӯяд. Хатоҳои ӯ бахшида хоҳанд шуд, агарчи монанди кафки баҳр бошанд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас баъд аз ҳар намоз сию се бор тасбеҳ гӯяд ва сию се бор ҳамд гӯяд ва сию се бор такбир гӯяд, яъне наваду нуҳ бор. Ва дар такмили сад: "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир" бигӯяд. Хатоҳои ӯ бахшида хоҳанд шуд, агарчи монанди кафки баҳр бошанд."
Explanation
Сию се бор "Субҳоналлоҳ", яъне он поксозии Аллоҳ аз ҳаргуна нуқсонҳо аст.
Ва сию се бор "Алҳамду лиллоҳ", яъне он ҳамду сано бар Аллоҳ гуфтан дар баробари сифатҳои комилаш ба ҳамроҳи дӯст доштан ва бузургдошти Ӯ аст.
Ва сию се бор "Аллоҳу акбар", яъне Аллоҳ бузургтар ва гиромитар аз ҳама чиз аст.
Ва такмил кунандаи адади сад, бо гуфтани ин зикр аст, "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир". Яъне: Маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ, ки якто ва бешарик аст ва танҳо Ӯ мулки комилро дорад на дигарон ва Ӯ сазовори мадҳу сано ва ситоиш тавъам бо муҳаббат ва бузургдошт аст, Ӯ тавоно аст ва ҳеҷ чизе қодир ба нотавон ва оҷиз кардани Ӯ нест.
Пас ҳар касе чунин бигӯяд, гуноҳонаш маҳв ва омурзида мешавад, агарчи зиёд бошад ҳам, монанди кафки сафеде, ки дар болои баҳр ҳангоми талотуми мавҷҳо бармехезад.
Benefits
Ин зикр сабаби омурзиши гуноҳон аст.
Азамату бузургии фазлу раҳмат ва омурзиши Аллоҳ Таъоло.
Ин зикр сабаби мағфирати гуноҳон аст. Ва манзур, бахшида шудани гуноҳони сағира аст, аммо дар мавриди гуноҳҳои кабира, ҷуз тавба ҳеҷ чиз онҳоро пок намекунад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

