пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика. Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дасти Муъозро гирифта, ба ӯ гуфт:
"Эй Муъоз! Қасам ба Худо, ман туро дӯст медорам!" Сипас гуфт: "Эй Муъоз! Туро тавсия мекунам, ки пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика.
Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!"
Explanation
Benefits
Ин дуоро баъд аз ҳар намоз хондан мустаҳаб аст, фарқе намекунад намози фарзӣ бошад ё нафлӣ.
Дар калимаҳои ками ин дуо, хостаҳои дунё ва охират гунҷонида шудааст.
Аз манфиатҳои муҳаббат ба Худо: тавсия кардан ба ҳақ, насиҳат кардан ва ҳамкорӣ кардан дар некӣ ва парҳезгорӣ мебошад.
Тайибӣ мегӯяд: Ёдоварии Худованд сабаби саодат ва кушоиши дил, шукри Худованд василаи дарёфти неъматҳо ва ибодати хубро талаб мекунад, ки шахс аз ҳама чизе, ки ӯро аз Худо бозмедорад, пок бошад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

