Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуо мекарданд ва мефармуданд: "Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам." Ва дар лафзи Муслим чунин омадааст: "Вақте яке аз шумо ташаҳҳудро ба охир расонд, аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ бибарад: Аз азоби ҷаҳаннам ва азоби қабр ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз шарри Масиҳи Маҷҷол."
Explanation
Якум: Аз азоби қабр.
Дувум: Аз азоби дӯзах, ки он дар рӯзи қиёмат аст.
Севум: Аз фитнаи зиндагӣ, аз ҳавасҳои ҳароми дунё ва шубҳаҳои гумроҳкунандаи он. Ва аз фитнаи марг, яъне лаҳзаи ҳозир шудани марг ва аз ҷумлаи он мунҳариф шудан аз Ислом ё аз суннат ё аз фитнаи қабр, монанди пурсидани ду фаришта.
Чаҳорум: Фитнаи Даҷҷол, ки дар охири замон зуҳур хоҳад кард ва Аллоҳ бандагонашро бо он меозмояд. Ӯро ба далели фитнаи бузург ва гумроҳкунандаи бузург буданаш махсус зикр кард.
Benefits
Азоби қабр собит ва ҳақ аст.
Хатарнокии фитнаҳо ва аҳамияти дархости ёрӣ ва дуо аз Аллоҳ барои раҳоӣ аз онҳо.
Исботи зуҳури Даҷҷол ва бузургии фитнаи ӯ.
Баъд аз хондани ташаҳҳуди ахир ин дуоро гуфтан мустаҳаб аст.
Баъд аз анҷоми кори хайр дуо кардан мустаҳаб аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

