Ё Аллоҳ! ман ба розигии Ту аз ғазаби Ту паноҳ меҷӯям, ба беҳбудии Ту аз ҷазои Ту паноҳ меҷӯям, аз Ту ба Ту паноҳ мебарам, тавону ёрои онро надорам, ки ба ҳамду санои Ту (чунон ки шоистаи Туст) бипардозам, Ту тавре ҳастӣ, ки худатро ситоиш намудаӣ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Ман шабе Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро канори худ наёфтам, атрофамро ҷустуҷӯ кардам, ки ногоҳ дастам ба кафи пойҳои росткардааш расид, дар ҳоле ки дар масҷид буд, (яъне, дар ҳолати саҷда) ва ӯ мегуфт: "Ё Аллоҳ! ман ба розигии Ту аз ғазаби Ту паноҳ меҷӯям, ба беҳбудии Ту аз ҷазои Ту паноҳ меҷӯям, аз Ту ба Ту паноҳ мебарам, тавону ёрои онро надорам, ки ба ҳамду санои Ту (чунон ки шоистаи Туст) бипардозам, Ту тавре ҳастӣ, ки худатро ситоиш намудаӣ."
Explanation
(Ман паноҳ мебарам) ва тавассул менамоям, (ба ризоияти Ту аз хашму ғазаби Ту) бар ман ё уммати ман, (ва) паноҳ мебарам (ба бахшиши Ту) ва бахшиши зиёди Ту (аз ҷазои Ту). (Ман паноҳ мебарам ба Ту аз худи Ту) ва ба сифатҳои зебоии Ту, аз сифатҳои ҷалоли Ту, зеро аз Ту наметавон паноҳ ҷуст, магар ба Худат, зеро наҷоте ва паноҳгоҳе аз Аллоҳ нест, магар ба сӯи Худаш. (Ман ҳамду санои Туро дар шумор оварда наметавонам) дар шумориши неъматҳо ва эҳсони Ту ончунон ки сазовори он ҳастӣ, нотавонам, ҳарчанд дар он талош кунам. (Ту ҳамонгуна ҳастӣ, ки худатро ситоиш намудаӣ) Ту ҳамон зоте ҳастӣ, ки бар худат ситоиши сазовор кардаӣ, кӣ метавонад ҳаққи ҳамду ситоиши Туро адо кунад?
Benefits
Мирак гуфт: Дар яке аз ривоятҳои Насоӣ омадааст, ки Паёмбар ин дуоро пас аз анҷоми намоз ва ба рахтхоб рафтан, мехонд.
Шукргузории Худованд бо сифатҳои Ӯ ва дуо бо номҳои собиташ, ки дар Қуръон ва Суннат омадаанд, мустаҳаб аст.
Дар ин дуо таъзими Офаридгор дар рукуъ ва саҷда мебошад.
Чунон ки ба зоти Аллоҳ Таъоло паноҳ бурдан ҷоиз аст, ҳамчунин ба сифатҳои Аллоҳ Таъоло паноҳ бурдан ҷоиз аст.
Хаттобӣ гуфтааст: Дар ин сухан маънои нозук вуҷуд дорад, ки мегӯяд: Ӯ ба Худо паноҳ бурдааст, то бо ризоияти Ӯ аз хашмаш эмин монад ва бо бахшиши Ӯ аз ҷазо эмин монад. Ризо ва хашм ду зидди муқобили ҳам ҳастанд, ҳамин тавр бахшиш ва ҷазо низ. Вақте ба зикри чизе расид, ки зидде надорад, ки Ӯ Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аст, танҳо аз Ӯ ба Ӯ паноҳ мехоҳад, на аз ғайри Ӯ. Ин маънои тавба аз норасоии иҷрои ҳаққи ибодат ва ситоиши Худо аст. Ва ин суханаш, ки мегӯяд: "Сано ва ситоиши Туро дар шумор нахоҳам овард", ба ин маъност, ки наметавонам онро ба пуррагӣ анҷом диҳам.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

