ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ
حكم إستعمال خاتم التسبيح ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ Суннат он аст, ки шахси мусалмон тасбеҳу таҳлил ва ғайра аз зикрҳоро бояд бо ангуштони дасти худ бишумурад. Аз Ҳумайза бинти Ёсир аз Юсайра ривоят аст, ки ба мо чунин хабар дод: “Ҳароина Паёмбар ﷺ амр ба риояи такбир,...
ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ
حكم إستعمال خاتم التسبيح
ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ
Суннат он аст, ки шахси мусалмон тасбеҳу таҳлил ва ғайра аз зикрҳоро бояд бо ангуштони дасти худ бишумурад. Аз Ҳумайза бинти Ёсир аз Юсайра ривоят аст, ки ба мо чунин хабар дод: “Ҳароина Паёмбар ﷺ амр ба риояи такбир, (Аллоҳу Акбар), ва қавли Субҳоналлоҳ ва таҳлил (Ло Илоҳа иллаллоҳ) карданд. Ва ин, ки ин зикрҳоро бо атрофи ангуштонашон ҳисоб бикунанд. Шумо эй занон ончи мекунед, пурсида хоҳед шуд, ба ҳамаи он ҳисобгирӣ аст, зеро он амалҳо бар соҳибаш шоҳидӣ медиҳад, он чи амал кард, он сухан хоҳад кард”. (Ривояти имом Аҳмад). Яъне, он ангуштон дар назди Аллоҳ ба он тасбеҳу таҳлилҳо шоҳид мешавад. Ҳеҷ боке надорад, ки шахси мусалмон Аллоҳро ба ҳама он чизҳое, ки ҷоиз аст, ёд бикунад. Ба мисли тасбеҳ ва ё ангуштарии тасбеҳ ва ғайраҳо, ки ба шумо барои шумури он ёрӣ медиҳад. Ва ин ҳама дар зери ин қоида аст: “Воситаҳо дорои аҳкоми мақсадҳо мебошад”. Агар инсон бо ин восита мақсади нек дошта бошад, барои ӯ ба қадри нияташ савоб дода мешавад. Шайхул Ислом раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Аммо шумурдан бо ангуштон ва сангчаҳо ва дигар чизҳое, ки ба онҳо монанд аст, истифодаи он хуб аст. Аз Саҳобагон (разияллоҳу анҳум) касоне буданд, ки он чизҳоро истифода мебурданд. Ва Паёмбар ﷺ Уммул муъминин Оиша разияллоҳу анҳоро диданд, ки бо сангча тасбеҳ мегуфтанд, пас бо ин амалаш ба ӯ чизе нагуфтанд”. Ва дар ривояте омадааст; “Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) бо сангча тасбеҳ мегуфт”. Ва тасбеҳ гуфтан бо тасбеҳҳои доирамонанди ҳозирзамона, ки онро баъзе уламо иҷозат намедиҳанд ва баъзеи дигар онро иҷозат додаанд. Пас агар нияти ӯ хуб буд, истифодаи он ҷоиз аст. Ва аммо беягон зарурот ва ё барои худнамоӣ онро истифода бурд, ҷоиз нест. Ба мисли он шахсоне, ки тасбеҳро ба гарданашон овезон мекунанд. Ва ё ҳамчу дастбанд ба дасташон мебанданд ва ғайраҳо, ки ин ҳама риё ва ё худро ба дигарон монанд кардан аст. Пас агар чунин бошад, аввал он муҳаррам аст, дуввум он кароҳият дорад. Аллоҳ таъоло Доност.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٢-٤٤.jpg | Download |
ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device