ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН
التعاون و آثاره ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН Қуввату қудрат гуногун ва ҳоҷатҳо баёншуда аст. Ва суннати Аллоҳ доим боқӣ аст. Зеро мардум ҳамеша бо ҳамдигар муҳтоҷ ҳастанд. Бинобарин, ҳамкорӣ байни ҳамдигар беҳтарин василаи Аллоҳ ба бандагонаш аст. Як вақт иморатҳо баланду обод мегарданд,...
ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН
التعاون و آثاره
ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН
Қуввату қудрат гуногун ва ҳоҷатҳо баёншуда аст. Ва суннати Аллоҳ доим боқӣ аст. Зеро мардум ҳамеша бо ҳамдигар муҳтоҷ ҳастанд. Бинобарин, ҳамкорӣ байни ҳамдигар беҳтарин василаи Аллоҳ ба бандагонаш аст. Як вақт иморатҳо баланду обод мегарданд, вале рӯзе хароб вайрон мешаванд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ҳамдигарро бо некӯкорӣ ва бо парҳезгорӣ мадад кунед ва ҳамдигарро дар кори гуноҳ ва зулм мадад макунед. Ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина азоби Аллоҳ сахт аст”. (Сураи Моида:2). Пас бинои уммати мусалмон қоим намегардад, магар порчае аз ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни ҳамдигар. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахси муъмин бо дигар муъминон ба мисли як бино ҳастанд, ки хишти он бино бо ҳам пайванданд. Ва Паёмбар ﷺ ангуштони дасти худро бо ҳам дохил карданд”. (Бухорӣ ва Муслим). Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Мақсад аз ҷам шудани мардум ва маслиҳату машварат кардани онҳо, ин ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигар дар корҳои некӯ ва худотарсӣ аст”. Пас ҳар шахс бояд бо донистан ва амал кардан, бо дигарон ҳамкорӣ кунад ва ёрӣ диҳад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Муъминон дар дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамкорӣ бо якдигар ба монанди ҷасаде ҳастанд, ки агар як узви он ба дард ояд, дигар аъзоҳо ба дарду ранҷ, бехобӣ ва беқарорӣ ҳамнаво ва шарик гарданд”. (Бухорӣ). Бо мардум дар корҳои хайр ҳамкорӣ кардан сабаби сабзидан аст. Аз ҷумлаи он амалҳо: 1. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар барпо додани ибодатҳо ва шаоири Ислом. 2. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар талаби илм кардан. 3. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар даъват, нусрати дин ва бинои иморатҳои хайрия. 4. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар муҳҳабат байни қалбҳо, оштӣ кунондан ва адои ҳаққи ҳамдигар. Ҳамкорӣ фоидаҳои бузург дорад: 1. Муҳаббати байни мардум. 2. Пешравӣ, наҷот ва муваффақ шудан. 3. Натарсидан ва ноумед нашудан. 4. Дур шудани ҳасад аз инсон.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٤-٥٧.jpg | Download |
ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device