ХОНАИ НООРОМ
بيت بلا هدوء ХОНАИ НООРОМ Аллоҳ васфи хонаро дар Қуръон хеле зебо васф кардааст: “Ва Аллоҳ аз хонаҳоятон барои шумо ҷойи сукунат сохт”. Наҳл 80. Ва сабаби мушкилоти хонаҳо, ин бо ҳам давомнок зиддият кардан, овозро баланд баровардан ва фарёдҳои ногаҳоние, ки аз онҳо шунида мешавад....
ХОНАИ НООРОМ
بيت بلا هدوء
ХОНАИ НООРОМ
Аллоҳ васфи хонаро дар Қуръон хеле зебо васф кардааст: “Ва Аллоҳ аз хонаҳоятон барои шумо ҷойи сукунат сохт”. Наҳл 80. Ва сабаби мушкилоти хонаҳо, ин бо ҳам давомнок зиддият кардан, овозро баланд баровардан ва фарёдҳои ногаҳоние, ки аз онҳо шунида мешавад. Лекин ба ҳар зану шавҳар зарур аст, ки ба якдигар бигӯянд: Биё бо ҳам бо оромӣ ва бо овози паст маслиҳат мекунем, зеро эҳтироми якдигар аз ҳаё аст. Ҳамаи ин баъди тавфиқи Аллоҳ таъоло, дар дасти худи мо аст, ки мо бояд як хонае бисозем, то он хона, хонаи орому сакина ва макони роҳат ва итминони қалб ва нузули раҳмат бошад. Ва агар мо ҳамеша ба ҳолати худ розӣ бошем ва онро ба фарзандони худ таълим бидиҳем, ки то онон низ назар ба нофаҳмиву нооромӣ ва шикоятҳои доимӣ, қаноатманду розӣ бошанд. Чӣ мешуд, ки мо ҳамеша бо якдигар гумони нек мекардем ва пеш аз он, ки як суханро рад бикунем, барои чи аввал фикр намекунем, ки зарари ҳақиқӣ дар куҷост. Ва ба мо чи шудааст, ки ҳамеша якдигарфаҳмӣ надорем. Дар асл байни мо бояд ба ҳамдигар раҳм кардану бахшидан бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ХОНАИ НООРОМ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device