
ХИСЛАТИ АЙБПӮШӢ
خلق الستر ХИСЛАТИ АЙБПӮШӢ Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ таъоло бисёр боҳаё ва пардапӯш аст ва ҳаёву пардапӯширо дӯст медорад”. Абудовуд. Айбпӯшӣ хислати нек аст, ки аз худ муҳаббатро мерос мегузорад. Меваи айбпӯшӣ гумони нек аст. Айбпӯшӣ оташи фасодро хомӯш мекунад. Бо айбпӯшӣ...
ХИСЛАТИ АЙБПӮШӢ
خلق الستر
ХИСЛАТИ АЙБПӮШӢ
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ таъоло бисёр боҳаё ва пардапӯш аст ва ҳаёву пардапӯширо дӯст медорад”. Абудовуд. Айбпӯшӣ хислати нек аст, ки аз худ муҳаббатро мерос мегузорад. Меваи айбпӯшӣ гумони нек аст. Айбпӯшӣ оташи фасодро хомӯш мекунад. Бо айбпӯшӣ як уммат ҳифз карда шуда бунёди онҳо давомнок мешавад. Бо айбпӯшӣ ахлоқи неки инсон қоим ёфта боқӣ мемонад. Ба шахси мусалмон воҷиб аст, ки айби ҳама мардумро бипӯшад ва гуноҳу бадиҳои онҳоро фош нагардонад. Инчунин ба инсон воҷиб аст, ки айби худро бипӯшонад, агарчанде он гуноҳ ё хатое бошад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳама афроди уммати ман бахшида мешаванд, магар касоне ки гуноҳашонро ошкор мекунанд. Ва яке аз тасдиқи ошкор кардани гуноҳ ин аст, ки шахсе дар шаб муртакиби гуноҳ шавад ва дар ҳоле, ки Аллоҳ гуноҳашро пӯшида аст. Ва дар вақти субҳ онро барои мардум ошкор бигӯяд: Эй фалонӣ, ман шаби гузашта чунин ва чунон кардам. Ин дар ҳоле аст, ки Аллоҳ гуноҳашро пӯшонда буд, вақте ки субҳ шуд, парда ва сатри Илоҳиро аз рӯйи худ бармедорад”. Бухорӣ. Айбпӯшӣ дар охират натиҷа ва оқибати нек дорад. Мо бояд аз кофтани айби мардум сахт ҳазар бикунем, зеро оқибати бади онро мо дар ин дунё пеш аз охират мечашем. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Онҳое, ки айбу бадиҳои касеро ошкор мекунанд, Аллоҳ айбу бадиҳои онҳоро ошкор мекунад, агарчи он дар хонаашон аз мардум пинҳон бошад, ҷазои онҳо дар ин дунё пеш аз охират ба онҳо бирасад”. Абудовуд. Айби онҳое, ки инсонҳои хуб ҳастанд ва аз аҳли шарр нестанд, пӯшидани он амри мустаҳаб аст. Ва айбу гуноҳи онҳое, ки зарарашон ба ҳама мерасад ва насиҳате онҳоро ислоҳ намекунад, пас пӯшидани айбашон лозим нест. Айбпӯшӣ ин нашри муҳаббат ва улфат дар байни мардум аст. Ошкор кардани сирри мардум ва хоссатан шахсони маъруфу машҳур ҷоиз нест. Пас он қавме, ки айби худро дониста ислоҳ намешаванд, Аллоҳ аз онҳо розӣ намегардад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢٥-٤٢.jpg | Download |

ХИСЛАТИ АЙБПӮШӢ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025