
НАМОЗ ФАРЗ АСТ
الصلاة فرض НАМОЗ ФАРЗ АСТ Намоз хондан ба ҳар марду зани мусалмон, болиғ, оқил, муқим, мусофир, солим ва бемор фарз аст. Ва ҳам дар ҳолати амн ва ҷанг фарз аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: "Қалам аз се кас бардошта шудааст: Аз шахси хоб то бедор шавад, аз кӯдак то ба балоғат расад ва аз девона...
НАМОЗ ФАРЗ АСТ
الصلاة فرض
НАМОЗ ФАРЗ АСТ
Намоз хондан ба ҳар марду зани мусалмон, болиғ, оқил, муқим, мусофир, солим ва бемор фарз аст. Ва ҳам дар ҳолати амн ва ҷанг фарз аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: "Қалам аз се кас бардошта шудааст: Аз шахси хоб то бедор шавад, аз кӯдак то ба балоғат расад ва аз девона то оқил гардад". Аҳмад. Ва фармуданд: “Ба фарзандони худ намозхониро аз ҳафт солагӣ омӯзонед ва амр ба намоз кунед, агар нахонданд, дар даҳ солагӣ танбеҳ кунед ва бизанед ва ҷойи хобашонро ҷудо намоед”. Аҳмад. Лозим нест, ки кӯдаки аз ҳафтсола поён намоз бихонад, лекин ҷоиз аст, ки беягон сахтгирӣ ба онҳо чизе аз намозро таълим бидиҳем. Паёмбар ﷺ фармуданд:"Агар фарзанд ростро аз чап фарқ карда тавонанд, пас ба онҳо таълими намоз бидиҳед". Ибни Абушайба. Задан бо дасту по ва ё бо куртаву асо анҷом ёбад, бо шарте ки сахт зада нашавад, мақсад аз задан одоб ва огоҳӣ додан аст, на азобу шиканда. Таълими намоз ва одоби фарзанд аз масъулияти падару модар аст. Кӯдаке, ки баъди синни даҳсолгӣ тарки намоз кардааст, бояд қазои онро бихонад. Тирмизӣ. Фарзандро дар хурдсолиаш таълим додани намоз адои масъулият ва ҳифзи фарзанд аст. Бо хоб ва фаромӯшӣ мумкин аст, ки намоз қазо гардад. Бо ҳайзу нифос ва беҳӯшии вақти бисёр, намоз қазо намегардад. Паёмбар ﷺ фармуданд: "Зане, ки ҳайз дид, намоз нахонад ва рӯза нагирад". Намоз ба шахси маст қазо мегардад, зеро ӯ ба хоҳиши худ маст шудааст ва ӯ дар ин амали худ ду ҷиноят кардааст, ки он ҷинояти арақнӯшӣ ва ҷинояти қазои намоз.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٣_١٧-٢٢-٠٠.jpg | Download |

НАМОЗ ФАРЗ АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025