КОҲИН ВА АРРОФ
الكاهن و العراف КОҲИН ВА АРРОФ Коҳин он шахсе аст, ки аз роҳи ҷинҳо ва шайтонҳо аз оянда хабар диҳад. Ва Арроф он шахсе аст, ки даъвои донистани корҳои ҳозираро кунад. Яъне, бо роҳҳои пӯшида, макони чизҳои дӯздидашуда ва ё гумшударо бидонад. Албатта даъвои илми ғайб кардан куфр...
КОҲИН ВА АРРОФ
الكاهن و العراف
КОҲИН ВА АРРОФ
Коҳин он шахсе аст, ки аз роҳи ҷинҳо ва шайтонҳо аз оянда хабар диҳад. Ва Арроф он шахсе аст, ки даъвои донистани корҳои ҳозираро кунад. Яъне, бо роҳҳои пӯшида, макони чизҳои дӯздидашуда ва ё гумшударо бидонад. Албатта даъвои илми ғайб кардан куфр аст, зеро он дурӯғ шуморидани Қуръони Карим аст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Бигӯ! Дар осмонҳо ва замин ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ касе ғайбро намедонад". (Сураи Намл:65).
Онҳое, ки аз ғайб хабар медиҳанд, чаҳор қисманд: 1.Касе, ки аз ғайб бо роҳи ҷинҳо хабар медиҳад, пас чунин инсонро “коҳин” меноманд.
2.Касе, ки аз ғайб бо роҳи хат кашидан ба хоки замин хабар диҳад, пас чунин инсонро “раммол” меноманд.
3.Касе, ки аз ғайб бо роҳи ситораҳо хабар медиҳад, пас чунин инсонро “мунаҷҷим” меноманд.
4.Касе, ки бо роҳи пӯшида аз молҳои дӯздидашуда ва гумшуда хабар медиҳад, пас чунин инсонро “арроф” меноманд.
Албатта ҳукми рафтан ба назди коҳинҳо ва аррофу ҷодугарон бар ду қисм аст:
1.Касе, ки ба назди онҳо меравад ва суханҳояшонро тасдиқ намекунад, вале аз онҳо мепурсад, пас ҳукми он ҳаром ва яке аз гуноҳони кабира аст. Ва касе, ки ба назди онҳо меравад, чиҳил рӯз намозаш қабул намегардад. Зеро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: "Касе, ки ба назди фолбину ҷодугарҳо равад ва аз онҳо чизе бипурсад, пас чиҳил рӯз намози ӯ қабул намегардад". (Ривояти Муслим).
Мақсад аз ҳадис ин аст, ки барои намози ӯ аҷру савобе нест.
2.Касе, ки назди фолбину ҷодугарҳо меравад ва аз онҳо чизе мепурсад ва гуфтаҳои онҳоро тасдиқ менамояд, пас ӯ ба он чизе, ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам нозил шудааст, кофир аст. (Ривояти Абудовуд, Насоӣ, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٨_٢٠-٥٨-٢٨.jpg | Download |
КОҲИН ВА АРРОФ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device