«Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ»
«الخالق الخلاق» «Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ» Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Холиқ он зотест, ки халқро эҷод карда онро бемисоли собиқ ихтироъ кардааст ва Ал-Халлоқ бар бисёрии халқи Аллоҳ таъоло ва эҷоди Ӯ ва камоли Ӯ дар офариниш далолат мекунад. Исми Ал-Холиқ дар Қуръон ҳашт...
«Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ»
«الخالق الخلاق»
«Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ»
Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Холиқ он зотест, ки халқро эҷод карда онро бемисоли собиқ ихтироъ кардааст ва Ал-Халлоқ бар бисёрии халқи Аллоҳ таъоло ва эҷоди Ӯ ва камоли Ӯ дар офариниш далолат мекунад. Исми Ал-Холиқ дар Қуръон ҳашт маротиба ва аммо исми Ал-Халлоқ ду маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: "Ӯ Аллоҳ аст, Офаридгор, Навпадидоранда, Нигоранда, Ӯро номҳои нек аст, ҳар чи дар осмонҳову замин аст, Ӯро ба покӣ ёд мекунад ва Ӯ Ғолиби Боҳикмат аст". (Сураи Ҳашр: 24). Ва фармудааст: "Бегумон Парвардигори ту, ҳамон Офаринандаи Доност". (Сураи Ҳиҷр: 86). Ал-Холиқ Парвардигори ҷаҳониён мебошад, ки ҳама мавҷудотро офаридааст. Ва ҳама махлуқотро аз нестӣ падид овардааст. Ва низоми ҳастиро бо ҳикмати Хеш баробар намуда ва шакл додааст. Ӯ таъоло ҳамеша бо ин сифати Бузург будааст. Аллоҳ фармудааст: "Ва дар замин кӯҳҳои муҳкамро афканд, барои эҳтироз аз он, ки шуморо биҷӯнбонад ва ҷӯйҳо ва роҳҳоро офарид, то бувад ки роҳёб шавед. Ва нишонаҳо офарид ва онҳо бо ситорагон роҳ меёбанд. Оё Он, ки меофаринад, монанди касе аст, ки намеофаринад?! Оё панд намегиред?". (Сураи Наҳл:,15-17). Ва фармудааст: "Эй мардумон, достоне падид оварда шуд; пас, онро бишунавед: Ҳамоно онон, ки ба ҷуз Аллоҳ мехонед, магасеро офарида натавонанд, агарчи барои он ҷамъ шаванд ва агар магас чизеро аз онҳо бирабояд, онро аз магас раҳо карда натавонанд. Ҳам толибу ҳам матлуб нотавон шуданд". (Сураи Ҳаҷ:73).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤١.jpg | Download |
«Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device