
«Ал-Раззоқ, Ар Розиқ»
«الرزاق الرازق» «Ал-Раззоқ, Ар Розиқ» Ар-Раззоқ, Ар-Розиқ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Кофили ризқи ом барои ҳамаи махлуқҳо ва ризқи хос ба бандагони мӯъминаш аст. Ризқи хос ҳамон имон доштан ба Ӯ таъоло ва илми нофеъ ва ризқи ҳалол мебошад. Ва Раззоқ бар бисёрии ризқи Ӯ барои халқаш...
«Ал-Раззоқ, Ар Розиқ»
«الرزاق الرازق»
«Ал-Раззоқ, Ар Розиқ»
Ар-Раззоқ, Ар-Розиқ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Кофили ризқи ом барои ҳамаи махлуқҳо ва ризқи хос ба бандагони мӯъминаш аст. Ризқи хос ҳамон имон доштан ба Ӯ таъоло ва илми нофеъ ва ризқи ҳалол мебошад. Ва Раззоқ бар бисёрии ризқи Ӯ барои халқаш далолат мекунад. Номи (Ар-Розиқ ҷалла ҷалолуҳу) панҷ маротиба, ва аммо номи (Ар-Раззоқ ҷалла ҷалолуҳу) як маротиба дар Қуръони Карим омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд:"Ва ба мо рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарини Рӯзидиҳандагонӣ". (Сураи Моида:114). Ва фармуд: "Бегумон Аллоҳ аст, ки Рӯзидиҳанда аст ва Ӯ Қудратманди Устувор аст". (Сураи Зориёт:58). Ва фармуд: “Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рӯзии он ба уҳдаи Аллоҳ аст”. (Сураи Ҳуд:4). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ таъоло нархгузор, бозгиранда, кушоишгар ва рӯзидиҳанда аст”. (Абудовуд ва Тирмизӣ). Аллоҳ таъоло бо ду сурат бандагонашро рӯзӣ медиҳад, яке бо сурати ом ва дигаре бо сурати хос: 1. Рӯзи додани умумии Ӯ ин аст, ки ба ҳама офаридаҳо ончиро, ки дар зиндагӣ ва ҳаёти худ ба он ниёз доранд, медиҳад. Бинобарин барои ҳама касби рӯзиро муяссар намудааст, ки ба он шахси гунаҳкор, некукор, кофир, мусалмон, инсонҳо, ҷинҳо, фариштагон ва ҳайвонот шомиланд. Ва гоҳе ризқу рӯзӣ аз роҳи ҳалол ба даст меояд, ки банда дар ба даст овардани он ранҷ мебинад. Ва гоҳе аз роҳи ҳаром ба даст меояд. Ва ончи аз ҳалолу ҳаром ба даст меорад, рӯзӣ номида мешавад ва гуфта мешавад, ки Аллоҳ ба ӯ ризқу рӯзӣ додааст. 2. Ризқу рӯзии мутлақ, ки он ба шахсони хос аст. Ин рӯзӣ муфид аст, ки фоидаи он дар дунё ва охират идома дорад. Он ризқу рӯзие аст, ки ба василаи Паёмбар ﷺ ба мардум расидааст ва он ду навъ аст: 1.Рӯзи додан ба қалбҳо, ки он бо илм, имон ва ҳақоиқи он аст. 2. Рӯзи додан ба ҷисми мо, ки он беягон ранҷ ба даст меояд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٤-٤٣.jpg | Download |

«Ал-Раззоқ, Ар Розиқ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025