«АЛЛОҲ»
«الله» «АЛЛОҲ» Инсон аз чизҳое, ки ӯро ба техналогияи нав мерасонад, тааҷҷуб мекунад. Бо ин ҳама боз инсонҳое пайдо мешаванд, ки бутпарасту ҳайвонпараст ҳастанд. Ва ҳақиқати равшан он аст, ки ягон чиз мустаҳиқи ибодат нест, магар Аллоҳ таъоло. Ва ҳама маъбудон ба ғайр аз Аллоҳ,...
«АЛЛОҲ»
«الله»
«АЛЛОҲ»
Инсон аз чизҳое, ки ӯро ба техналогияи нав мерасонад, тааҷҷуб мекунад. Бо ин ҳама боз инсонҳое пайдо мешаванд, ки бутпарасту ҳайвонпараст ҳастанд. Ва ҳақиқати равшан он аст, ки ягон чиз мустаҳиқи ибодат нест, магар Аллоҳ таъоло. Ва ҳама маъбудон ба ғайр аз Аллоҳ, ки хоҳ дар зери Арш бошанд ва ё дар болои замин, ботиланд. Аллоҳ фармуд: “Ва Ӯ Аллоҳ, яъне тасарруфкунанда ва фармонраво дар осмонҳо ва замин аст”. Анъом:3. Аллоҳ таъолоро ибодат карда ва ягона дониста мешавад. Ва иқрор карда мешавад, ки Ӯ маъбуди ҳама он чизҳое аст, ки дар осмонҳо ва замин аст, ки Ӯро Аллоҳ номида мешавад. Ӯро бо тарсу умед дуо мекунанд, магар он ҷинну инсонҳое, ки ба Ӯ кофир шуданд. Аллоҳ он зотест, ки муҳаббаташ дар қалбҳост ва бо зикраш он ором мегирад. Аллоҳ фармуд: “Ононе, ки имон оварданд, қалбҳояшон бо ёди Аллоҳ ором мегирад. Огоҳ шав, қалбҳо ба ёди Аллоҳ ором мегирад”. (Рад:28). Аллоҳ зоте аст, ки ҳама Ӯро дӯст медоранд ва ба сӯяш мераванд ва дар ҳама ҳоҷатҳояшон ба сӯйи Ӯ илтиҷо мекунанд. Нест маъбуди барҳақ, ба ҷуз Аллоҳ. Ва Илоҳ он маъбуде аст, ки онро итоат карда мешавад ва ҳама ибодату муҳаббат ба сӯйи Ӯст. Ва қалбҳо ба сӯйи Ӯ баста шудааст. Аллоҳ ягона аст, шарике надорад. Шинохти Аллоҳ сабаби хушбахтии дунё ва охират аст, зеро лаззату шодмонӣ ва хушгузаронии вақт ва неъматҳо бо шинохти Аллоҳ таъоло аст. Агар ба сӯйи Ӯ ба дуо даст бардоштем ва таваккал кардем, пас Ӯ кифоякунанда ва ризқдиҳанда аст. Агар мардум ба сӯйи талаби дунё раванд, ту ба сӯйи Аллоҳ бирав. Ва агар онҳо ба аҳлашон унс бигиранд, ту ба Аллоҳ унс бигир. Аллоҳ фармуд: “Танҳо Аллоҳро ибодат кун ва аз сипосгузорон бош”. (Зумар:66).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٥-٠٩.jpg | Download |
«АЛЛОҲ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device