АЗ МАРДУМОН САХТТАРИНИ БАЛО БА ПАЁМБАРОН БУД
أشد الناس إبتلاءهم الأنبياء АЗ МАРДУМОН САХТТАРИНИ БАЛО БА ПАЁМБАРОН БУД Агар ба сирату таърихи Паёмбар ﷺ назар бикунем, мебинем ки ятим таваллуд шуданд, пас аз он модарашон ва баъд бобояшон вафот карданд, ки кафолатии Паёмбар ﷺ ро дар уҳда доштанд. Сипас амакашон ва ҳам ҳамсари...
АЗ МАРДУМОН САХТТАРИНИ БАЛО БА ПАЁМБАРОН БУД
أشد الناس إبتلاءهم الأنبياء
АЗ МАРДУМОН САХТТАРИНИ БАЛО БА ПАЁМБАРОН БУД
Агар ба сирату таърихи Паёмбар ﷺ назар бикунем, мебинем ки ятим таваллуд шуданд, пас аз он модарашон ва баъд бобояшон вафот карданд, ки кафолатии Паёмбар ﷺ ро дар уҳда доштанд. Сипас амакашон ва ҳам ҳамсари меҳрубонашон Хадича разияллоҳу анҳо вафот карданд. Пас Паёмбар ﷺ аз аҳли Макка ва аз аҳли Тоиф озору шиканҷа диданд. Диёри худро тарк карда аз тарси мушрикон ба ғор пинҳон шуданд ва сипас ба Мадина ҳиҷрат намуданд. Ин ҳодисаҳое буд, ки ба Паёмбар ﷺ шуда гузашт. Пас оё Паёмбар ﷺ татаюр ва бахтсанҷӣ карданд? Албатта не. Оё аз ақидаашон ва аз тавҳид ва аз даъвати “Ло Илоҳа Иллаллоҳ” боз гаштанд? Албатта не. Бинобарин, бояд бидонем, ки балову мусибатҳо тааллуқ ба Аллоҳ таъоло аст. Зеро ин розӣ шудан ба тақдирӣ Илоҳӣ аст. Агар шахси ба мусибат гирифторшударо бубинем, ин далолат бар он намекунад, ки он шахс имони заъиф дорад, балки Аллоҳ таъоло агар бандаеро дӯст дорад, ӯро ба балову мусибате гирифтор мекунад. Ва сахттарин балову мусибат аввал ба Паёмбарон нозил мегардад, сипас ба дигарон, ки он вобаста ба имони онҳост. Ба Паёмбар ﷺ зарарҳо расонда шуд, ки бо ин сабаб Аллоҳ таъоло мехост дараҷаи Паёмбарашро баланд бардорад. Аллоҳ фармуд: “Қасам ба чоштгоҳ ва қасам ба шаб чун ҳамаро бипӯшонад. Парвардигорат туро фурӯ нагузошт ва душман надошт. Ва ҳар оина охират барои ту беҳтар аз дунё хоҳад буд. Ва Парвардигорат албатта ба ту неъмат хоҳад дод, пас ту хушнуд хоҳӣ шуд”. (Зуҳо:1,5). Инчунин Аллоҳ фармуд: “Ва зикратро барои ту баланд сохтем”. (Иншироҳ:4). Бинобарин балову мусибат ин нест, ки ӯро Аллоҳ таъоло дӯст намедорад. Ва ҳам бар мо ҷоиз нест, ки балоро таманно бикунем. Балки бигӯем: Бор Илоҳо! Албатта Ту авф карданро дӯст медорӣ, пас моро авф бикун”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٨_١٤-١٥-١٤.jpg | Download |
АЗ МАРДУМОН САХТТАРИНИ БАЛО БА ПАЁМБАРОН БУД
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device