Шайтон бар пушти сари яке аз шумо, вақте ки ӯ мехобад, се гиреҳ мезанад. Ба ҳар як гиреҳ мегӯяд: Шаб дароз аст, бихоб
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Шайтон бар пушти сари яке аз шумо, вақте ки ӯ мехобад, се гиреҳ мезанад. Ба ҳар як гиреҳ мегӯяд: Шаб дароз аст, бихоб. Агар бедор шавад ва Худоро ёд кунад, як гиреҳ кушода м…

