Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абумолики Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро пур мекунанд. Намоз нур аст, садақа бурҳон аст, сабр равшанӣ аст ва Қуръон далел (ҳуҷҷат)-е аст барои ту ё бар алайҳи ту. Ҳамаи мардум субҳ (аз хона) берун мешаванд, дар ҳоле ки нафси худро фурӯхтаанд, пас он (яъне нафси худ)-ро ё озод кардаанд ва ё ҳалок сохтаанд".
Explanation
Benefits
Аҳамияти пойбанд будан дар намозҳо, ки он дар дунё ва охират нуре барои банда хоҳад буд.
Садақа нишонаи сидқи омин аст.
Аҳамияти амал кардан ба Қуръон, то ҳуҷҷате барои ту бошад на бар алайҳи ту.
Агар нафси худро ба тоъат машғул насозӣ, туро ба гуноҳ ва маъсият машғул хоҳад сохт.
Ҳар як инсон бояд амал кунад, ё худро бо тоат ва ибодат кардан озод мекунад ё бо маъсияти кардан гирифтори азоб.
Сабр таҳаммул ва истиқоматро тақозо мекунад, ки албатта сахтиҳо дарбар дорад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

