Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) чунин ривоят аст: "Гурӯҳе аз ёрони Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, сарватмандон ҳама савобҳоро бо худ бурданд. Онҳо айнан монанди мо намоз мегузоранд; ва айнан монанди мо рӯза медоранд; ва…

