Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) чунин ривоят аст: "Гурӯҳе аз ёрони Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, сарватмандон ҳама савобҳоро бо худ бурданд. Онҳо айнан монанди мо намоз мегузоранд; ва айнан монанди мо рӯза медоранд; ва боз аз молҳои зиёдатиашон садақа мекунанд". Пас гуфт: «Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст». Гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, агар яке аз мо шаҳваташро (дар ҳамсараш) сарф кунад, дар ин барои ӯ савоб бошад?" Гуфт: «Оё медонед, ки агар шаҳваташро дар ҳаром сарф кунад, барои ӯ гуноҳе ҳаст?! Пас, ҳамчунин агар онро дар ҳалол бигузорад, барои ӯ савоб бошад".
Explanation
Benefits
Бисёр будани роҳҳои анҷоми корҳои нек ва он ки ҳар амале, ки мусалмон бо нияти нек ва қасди хуб анҷом медиҳад, аз корҳои хайр ба шумор меравад.
Осонӣ дар Ислом: Ҳар як мусалмон коре пайдо мекунад, ки тавассути он ба Худо итоат кунад.
Нававӣ мегӯяд: Дар ин (ҳадис) далеле ҳаст бар он ки корҳои мубоҳ бо нияти содиқона ба итоат ва ибодат табдил меёбанд. Пас, ҳамбистарӣ бо ҳамсар ибодат мешавад, агар ният дошта бошад, ки барои адои ҳаққи ҳамсар мувофиқи фармудаи Худо муоширати нек мекунад, ё ин ки талаби фарзанди солеҳ, покдоман нигоҳ доштани худ ё ҳамсар, дур кардани ҳарду аз нигоҳ ба ҳаром, ё фикр кардан ва орзӯи он, ё ҳар мақсади неки дигаре.
Зикри масал ва қиёс, барои он аст, ки маъно равшантар ва таъсиргузортар дар дили шунаванда бошад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

