Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки бозмедорад, талаф бидеҳ!" (Яъне, моли бахилро талаф бидеҳ)
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд:
Эй Аллоҳ, ба касе, ки бозмедорад, талаф бидеҳ!" (Яъне, моли бахилро талаф бидеҳ).
Explanation
Эй Аллоҳ, ба касе, ки молашро дар роҳи тоатҳо, барои аҳли хона, меҳмон ва корҳои хайру нек сарф мекунад, ивази беҳтар аз он чи сарф намудааст бидеҳ, бо беҳтаринаш иваз кун ва барояш баракат бидеҳ.
Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки аз инфоқ кардан даст боз медорад талаф ва зарар бидеҳ ва молеро, ки аз ҳақдоронаш боздоштааст, нобуд гардон.
Benefits
Фариштагон барои муъминони некӯкор ва саховатманд ба хайр ва баракат, дуо мекунанд ва дуои онон мустаҷоб аст.
Тарғиб ба нафақа кардан дар воҷибот ва нофилаҳо, монанди нафақа ба аҳли хона, силаи раҳм ва корҳои хайр.
Баёни фазилати шахси нафақакунанда дар роҳҳои хайр, ки саранҷоми кораш ин аст, ки Худованд онро бозпас барояш медиҳад. Худованд мефармояд: "Ва ҳар чизеро [ки дар роҳи Аллоҳ Таъоло] инфоқ кунед, Ӯ ба ҷойи он [мол- ва беҳтар аз он –ба шумо] бозпас медиҳад; ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст) (Сураи Сабаъ, ояти 39).
Ин дуо алайҳи шахсест, ки аз сарфи нафақаҳои воҷиб худдорӣ мекунад. Аммо сарфи нафақаҳои мустаҳаб (нофила), агар касе онро накунад, сазовори чунин дуо намешавад.
Бахилӣ ва хасисӣ ҳаром аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

