Вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат ворид мешаванд, Худованд мефармояд: Оё чизе мехоҳед, ки ба шумо бештар диҳам?
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Суҳайб (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат ворид мешаванд, Худованд мефармояд: Оё чизе мехоҳед, ки ба шумо бештар диҳам? Онҳо мегӯянд: Оё рӯйҳои моро сафед накардаӣ? Оё моро ба биҳишт ворид накардаӣ? Магар моро аз оташи дӯзах наҷот надодаӣ? Онгоҳ Худованд пардаро бармедорад, ба ин тартиб маҳбубтарин чизе, ки ба биҳиштиён дода мешавад нигоҳ кардан ба Парвардигорашон аст."
Explanation
Оё чизе мехоҳед, ки ба шумо бештар диҳам?
Ҳамаи аҳли биҳишт дар посух мегӯянд: Оё рӯйҳои моро сафед накардаӣ? Оё моро ба биҳишт ворид накардаӣ ва аз оташи дӯзах наҷот додаӣ?
Аллоҳ Таъоло ҳиҷоб (парда)-ро аз миён бармедорад, ки ҳиҷоби Ӯ нур аст. маҳбубтарин чизе, ки ба биҳиштиён дода мешавад, нигоҳ кардан ба Парвардигорашон аст.
Benefits
Бузургтарин неъмати биҳишт, дидани муъминон Парвардигорашонро аст.
Ҳамаи аҳли биҳишт бо тафовути ҷойгоҳашон, Парвардигорашонро хоҳанд дид.
Аллоҳ бо ворид кардани муъминон ба биҳишт, ононро гиромӣ медорад.
Аҳамияти шитофтан ба сӯи биҳишт бо амалҳои нек ва тоати Аллоҳ Таъоло ва Расулаш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

