Рӯзи қиёмат мардеро меоранд ва дар дӯзах меафкананд. Рудаҳояш берун меоянд, дар атрофи он чарх мезанад, чунон ки хар дар атрофи осиёб чарх мезанад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Усома ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ба ӯ гуфтанд: Оё назди Усмон (разияллоҳу анҳу) намедароӣ ва бо ӯ сухан бигӯӣ? Ӯ гуфт: Оё гумон мекунед, ки ман бо ӯ танҳо вақте сухан мегӯям, ки шумо онро бишнавед? Қасам ба Худо, ман дар танҳоӣ бо ӯ сухан гуфтам, бидуни он ки як масъалаеро оғоз кунам, ки намехоҳам аввалин оғозкунандаи он бошам. Дар бораи касе, ки бар ман амир шудааст намегӯям, ки ӯ беҳтарини одамон аст, пас аз он ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мефармояд: "Рӯзи қиёмат мардеро меоранд ва дар дӯзах меафкананд. Рудаҳояш берун меоянд, дар атрофи он чарх мезанад, чунон ки хар дар атрофи осиёб чарх мезанад. Аҳли дӯзах назди ӯ ҷамъ мешаванд ва мегӯянд: Эй фалонӣ! Чаро ба чунин ҳол гирифторӣ? Оё ту набудӣ, ки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекардӣ? Мегӯяд: Бале, ман ба некӣ амр мекардам, вале худам ба он амал намекардам, ва аз бадӣ бозмедоштам, вале худам онро анҷом медодам."
Explanation
Сипас Усома ибни Зайд (разияллоҳу анҳумо) гуфт, ки ӯ амиронро пинҳонӣ насиҳат мекунад ва ба ҳеҷ кас таъоруф ва риё намекунад, ҳарчанд амир ҳам бошад. Ба онҳо тамаллуқ намекунад ва онҳоро бо суханони ноҳақ ситоиш намекунад. Чун ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст, ки дар рӯзи қиёмат мардеро оварда ба дӯзах меандозанд, аз шиддати азоб ва гармии сахт рудаҳояш бо суръат аз шикамаш мебароянд ва ӯ ба монанди харе, ки дар гирди санги осиёб давр мезанад, дар атрофи рудаҳояш чарх мезанад. Аҳли дӯзах дар назди ӯ ҷамъ шуда ҳалқа мезананд ва мегӯяд: Эй фалонӣ! Магар ту набудӣ, ки мардумро ба некӣ фармон медодӣ ва аз бадӣ манъ мекардӣ?!
Он мард мегӯяд: Ман мардумро ба некӣ фармон медодам, вале худ амал намекардам ва аз бадӣ манъ мекардам, вале худам онро анҷом медодам.
Benefits
Таҳдиди сахт барои касе, ки гуфтораш бо кирдораш мухолифат дошта бошад.
Одоби муносиб бо ҳокимон ва нармгуӣ бо онҳо, ҳамчунин амри онон ба маъруф ва наҳйи онон аз мункар.
Мазаммати хушомадгӯӣ ба ҳокимон дар ҳақ ва зоҳир кардани он чи мухолифи ботин аст, монанди тамаллуқ ва чоплусӣ ба ботил.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

