Ин санге буд, ки ҳафтод сол пеш ба ҷаҳаннам афканда шуда буд, то ҳоло дар он фуруд меомад, то ин ки (ҳоло) ба қаъри он расид
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем, ногаҳон садои баланде шунидем (садои афтодани чизе). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё медонед ин чи буд?" Гуфтем: Худо ва Расулаш беҳтар медонанд. Фармуд: "Ин санге буд, ки ҳафтод сол пеш ба ҷаҳаннам афканда шуда буд, то ҳоло дар он фуруд меомад, то ин ки (ҳоло) ба қаъри он расид."
Explanation
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо гуфтанд: Ин садое, ки шунидед, садои сангест, ки ҳафтод сол пеш аз лаби дӯзах ба дӯзах афканда шуд ва то ин муддат дар ҳоли афтодан буд ва ҳоло шумо садои ба қаъри дӯзах расидани он сангро шунидед.
Benefits
Дар масъалаҳое, ки инсон дар борааш маълумот надорад, илми онро ба Худо нисбат додан ва гуфтани “Худо Донотар аст”, мустаҳаб аст.
Ҷалби таваҷҷуҳи донишомӯзон ва шунавандагон аз тарафи устод пеш аз баёни мавзӯъ, фаҳмидани мавзуъро осонтар ва таъсиргузортар мегардонад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

