Ҳар гоҳ ки инсон бимирад, ҳамаи аъмолаш қатъ мешавад (савобаш қатъ мегардад), магар аз се чиз: Садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бардошта мешавад, Фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ ки инсон бимирад, ҳамаи аъмолаш қатъ мешавад (савобаш қатъ мегардад), магар аз се чиз: Садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бардошта мешавад, Фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад."
Explanation
Аввал: садақае, ки савобаш ҷорӣ ва давомнок аст ва қатъ намешавад, мисли вақф, бино кардани масҷид, кандан ва омода кардани чоҳи об ва ғайра.
Дувум: илмеро, ки мардум аз он баҳра мебаранд, мисли таълифи китобҳои илмӣ, омӯзонидани илм ба дигар шахс, ки баъд аз марги ӯ ин шахс он илмро нашр кунад.
Севум: фарзанди солеҳ ва муъмин, ки барои падару модараш дуо мекунад.
Benefits
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) махсус ин се чизро зикр карданд, зеро онҳо асоси тамоми некиҳо ҳастанд ва бештарин чизеанд, ки аҳли фазлу некӣ кӯшиш мекунанд пас аз маргашон монда шавад, то савобаш идома ёбад.
Ҳар гуна илме, ки муфид бошад ва мардум аз он баҳра бигиранд, барои соҳиби он пас аз маргаш савоб мерасад. Вале болотарин ва афзалтарини он, илми шаръӣ ва илмҳое мебошанд, ки дар расидан ба он (илми шаръӣ) кумак мекунанд.
Дар байни ин се чиз (садақаи ҷория, илм, фарзанди солеҳ) илм фоидаовартарини онҳо аст. Зеро илм ба шахсе, ки онро меомӯзад фоида мерасонад, бо илм шариат ҳифз мешавад, фоидаи илм умумӣ ва доимист. Он шомилтар ва умумитар аст, зеро аз илмат ҳам дар замони зинда буданат ва ҳам баъди маргат омухта мешавад.
Тарғибу ташвиқ ба тарбияи фарзандони солеҳ, зеро онҳо дар охират ба падару модарашон манфиат мерасонанд, аз ҷумла бо дуои нек барои онҳо.
Тарғибу ташвиқ ба некӯкорӣ ба волидайн пас аз вафоти онҳо, ки ин низ аз кори хайр аст ва фарзанд аз он баҳра мебарад.
Дуо барои мурда фоида дорад, ҳатто агар аз фарзанд набошад, вале фарзанд махсус зикр шудааст, зеро одатан то замони вафоти худ барои волидайнаш дуо мекунад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

