HadeethEnc · 1.20.0
Назди Аллоҳ Таъоло чизе гиромитар аз дуо нест
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Назди Аллоҳ Таъоло чизе гиромитар аз дуо нест".
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки чизе дар ибодот назди Аллоҳ беҳтар аз дуо нест, зеро дар он эътироф ба ғанӣ ва бениёзии Аллоҳ Таъоло ва эътироф ба нотавонӣ ва ниёзмандии банда ба сӯи Ӯст.
03
Benefits
Фазилати дуо ва инки ҳар касе ба сӯи Аллоҳ дуо мекунад, ӯро гиромӣ ва бузург бидонад иқрор намояд, ки Аллоҳ ғанӣ ва бениёз аст, зеро аз нодор касе чизе намехоҳад. Ӯ шунаво аст, зеро ба сӯи ношунаво дуо карда намешавад, Ӯ карим аст, зеро аз бахил талаб карда намешавад, Ӯ раҳиму меҳрубон аст, зеро золим дуо карда намешавад, Ӯ қодиру тавоно аст, зеро ба сӯи оҷизу нотавон дуо карда намешавад, Ӯ қариб аст, зеро дур намешунавад, ва Ӯ Таъоло дорои бисёр сифатҳои бузург ва зебои дигар аст.
Attribution
[رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

