HadeethEnc · 1.20.0
Дуо ибодат аст
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Нуъмон ибни Башир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дуо ибодат аст", сипас ин оятро қироат фармуданд: "Парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд". (Сураи Ғофир: 60)
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки дуо ибодат аст, пас бояд холис барои Аллоҳ бошад, чи он дуои талаб бошад, монанди чизе барои манфиати худ хостан ё аз Аллоҳ барои дафъи зиёнҳои дунявӣ ва ухравӣ талаб намудан, ё инки дуои ибодат, яъне ҳар гуфтор ва кирдори зоҳирӣ ва ботинӣ, ки ризои Аллоҳ дар он аст ва тамоми ибодоти қалбӣ, баданӣ ва ё молӣ.
Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамчун истидлол ояти зерро қироат фармуд, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд" (Сураи Ғофир: 60).

03
Benefits
Дуо асоси ибодат аст ва набояд онро барои ғайри Аллоҳ анҷом дод.
Дуо ин воқеияти бандагӣ, эътироф ба бениёзӣ ва қудрати Парвардигор ва эътирофи ниёзмандии бандагон ба суи Парвардигор аст.
Ҷазои сахт барои касоне, ки аз ибодат ва руй овардан ба Худо саркашӣ мекунанд, ва касоне, ки аз руй овардан ба Худо саркашӣ мекунанд хору ҳақир вориди дӯзах мешаванд.

Attribution
[رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares