Аз (ҷумлаи) зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро бар вай фоида надорад, тарк намояд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз (ҷумлаи) зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро бар вай фоида надорад, тарк намояд".
Explanation
Benefits
Дурӣ кардан аз суҳбатҳои беҳуда ва ёвагӯӣ ва амалҳои ғайризарурӣ нишонаи камоли исломи шахс аст.
Тарғиб ба ин ки инсон бояд ба корҳои марбут ба дин ва дунёаш машғул бошад. Агар аз зебоии исломи шахс дур буданаш аз он чизҳое, ки ба ӯ дахл надорад, бошад, пас, машғул шуданаш ба он чизҳое, ки ба ӯ дахл доранд, низ аз камол ва зебоии ислом ӯст.
Ибн Қайим (раҳимаҳуллоҳ) гуфт: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тамоми парҳезгориро дар як ҷумла ҷамъ карда гуфтаст: "Аз хубии исломи шахс он аст, ки он чиро, ки бар вай фоида надорад, тарк намояд". Ин ҷумла ҳама гуна дасткашӣ аз ҳар гуна гуфтугӯ, нигариш, гӯш кардан, даст дароз кардан, роҳ рафтан, андешидан ва дигар ҳаракатҳои зоҳирӣ ва ботинии баданро, фаро мегирад ва ин сухан дармонгар дар боби парҳезгорӣ аст.
Ибн Раҷаб гуфт: Ин ҳадис яке аз асосҳои адаб аст.
Ташвиқ ба илмомӯзӣ, зеро ба воситаи он инсон мефаҳмад, ки чӣ чиз ба ӯ зарур аст ва чӣ чиз на.
Амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва насиҳат. Инҳо аз корҳое ҳастанд, ки ба инсон марбут ҳастанд, зеро ӯ дар ин маврид ба он маъмур шуда аст.
Дар доираи маънои умумии ҳадис ворид мешавад: Дурӣ кардан аз он чизе, ки ба инсон марбут нест, аз он чизҳое, ки Худо ҳаром гардонидааст ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нописанд донистааст. Инчунин дурӣ кардан аз он чизҳое, ки ба умури охират, мисли ҳақиқатҳои ғайбӣ ва тафсилоти ҳукм дар офариниш ва фармон дахл доранд ва ӯ ба он ниёз надорад. Масалан, пурсидан ва кунҷкобӣ кардан дар масъалаҳои муқаддар ва эҳтимолӣ, ки ҳанӯз рух надодааст ё кам рӯй медиҳад, ё ҳатто воқеъ шуданашро тасаввур карда намешавад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

