Аз гумон барҳазар бошед, зеро гумон дурӯғтарин сухан аст
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз гумон барҳазар бошед, зеро гумон дурӯғтарин сухан аст ва дар пайи пӯшидаҳои мардум набошед, таҷассус накунед ва бо якдигар ҳасодат наварзед ва ба ҳам пушт нагардонед ва бо ҳам кина наварзед ва бандагони Аллоҳ (ва) бародарони ҳам бошед."
Explanation
(Гумони бад кардан аст) ва он туҳматест, ки бе далел дар дил пайдо мешавад. Ва баён намуданд, ки он аз дурӯғтарин сухан аст.
Маънои (таҳассус) ҷустуҷӯи пӯшидаҳои мардум бо чашму гӯш мебошад.
Аммо маънои (таҷассус) ҷосусӣ ва ҷустуҷӯ кардани чизҳои ниҳон аст ва ин калима бештар дар бораи ҷустуҷӯйе, ки ба ҳадафи бад бошад, кор бурда мешавад.
Ва маънои (ҳасад) бошад, написандидани расидани неъмат барои дигарон аст.
Вожаи (тадобур) (пушт гардонидан ба якдигар), яъне рӯй гардонидан аз ҳамдигар ва ба ҳам салом накардану ба дидори бародари мусалмон нарафтан аст.
Ва аммо (табоғуз) (кина варзидан) ба маънои кина ва нафрат аз ҳамдигар аст, монанди озор расонидан, рӯй турш кардан ва бадрафтори кардан бо дигарон мебошад.
Сипас як калимаи мухтасар ва мукаммале гуфт, ки ба воситаи он робитаи мусалмонон ба якдигар ислоҳ мешавад: "Бандагони Аллоҳ ва бо якдигар бародар бошед." Бародарӣ пайвандест, ки муносибатҳои байни одамонро пайваста мемонад ва муҳаббат ва дӯстӣро байни онҳо афзун мекунад.
Benefits
Манзур, ҳушдор нисбат ба онҳое аст, ки туҳмате дар дилашон ҷой гирад, бар он пофишорӣ мекунанд. Аммо он чизе, ки лаҳзае бар дил хутур мекунад, вале дар он қарор намегирад, дар таклиф дохил нест.
Сабабҳои нафрат ва носозгорӣ ва дурӣ миёни афроди ҷомеаи исломӣ ҳаром аст, аз ҷумла таҷассус, ҳасодат ва монанди онҳо.
Тавсия, ба муомила бо мусалмон ба монанди муомила бо бародар дар насиҳат ва муҳаббат.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

