Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абубакра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.
Explanation
1. Ширк овардан ба Аллоҳ, ки иборат аст аз: Анҷом додани ҳар навъ аз ибодат барои ғайри Аллоҳ ва баробар кардани ғайри дигар чиз ба Аллоҳ дар улуҳият, рубубият ва номҳову сифатҳои Ӯ.
2. Нофармонӣ аз падару модар: Озор додани падару модар бо гуфтор, рафтор ва беэътиноӣ ва тарки некӣ кардан ба онҳо.
3. Сухани бардурӯғ ва аз ҷумлаи сухани дурӯғ, ин шаҳодати бардурӯғ аст. Ва он иборат аст аз ҳар сухани дурӯғе, ки бо ҳадафи таҳқиру кам шумурдани шахсе дар баробари ба даст овардани мол ё дастдарозӣ ба номусу обурӯйи он шахс ва монанди ин корҳо сурат мегирад.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба сухани дурӯғ ва барои зишт будан ва осори баде, ки бар ҷомеа мегузорад, такрор ба такрор ҳушдор доданд. То ҷое, ки саҳоба аз рӯйи дилсӯзӣ барои он ҳазрат ва бад донистани он чи сабаби озори Ӯ мешавад, гуфтанд, ки кош ин гуфтаро зиёд идома намедоданд.
Benefits
Бузургии ҳуқуқи падару модар, чунон ки ҳаққи онҳоро бо ҳаққи Аллоҳ Таъоло зикр кардааст.
Гуноҳон ба ду навъ тақсим мешаванд: кабира ва сағира (бузург ва хурд). Гуноҳи кабира: ҳар гуноҳе аст, ки барои он ҷазои дунявӣ омада бошад, аз қабили ҷазо додан, нафрин ва лаънат хондан ва ё таҳдиди ухравӣ дошта бошад, монанди таҳдиди дӯзахӣ шудан. Гуноҳони кабира дараҷаҳо доранд, ки дар ҳаром будан баъзе шадидтар аз дигараш аст. Ҳар гуноҳе, ки аз ҷумлаи гуноҳони кабира набошад, гуноҳи сағира аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

