Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ".
Explanation
Нахустини он гуноҳон "Ширк овардан ба Аллоҳ" аст. Ширк, яъне анҷом додани ҳар ибодате барои ғайри Аллоҳ ва баробар сохтани касе ё чизе ба Аллоҳ дар яке аз хусусиятҳои улуҳият ва рубубият ва номҳову сифатҳои Аллоҳ аст.
Дувум: "Оқи волидайн", яъне, ҳар амале, ки ба падару модар озор мерасонад, чи дар гуфтор ва чи дар рафтор бошад (оқи волидайн) аст. Инчунин беэътиноӣ ва некӣ накардан дар ҳаққи онҳо низ (дар ин гуноҳ) шомил мешавад.
Ва сеюм: "Куштани инсон", албатта, агар куштани ноҳақ бошад, монанди куштан аз рӯйи зулм ва таҷовуз дар ҳаққи дигаре.
Чаҳорум: "Савганди бардурӯғ", яъне савганде, ки шахси савгандхӯрда медонад, ки савгандаш дурӯғ аст. Ин савгандро "ғамус" (ғутавар) ном ниҳодаанд, ки соҳибашро дар гуноҳ ё дар оташи дӯзах ғутавар месозад.
Benefits
Ба таври хос зикр шудани чаҳор гуноҳ дар ин ҳадис барои бузург будани ин гуноҳон аст, на барои маҳдуд кардани гуноҳони кабира.
Гуноҳон бар ду навъ: кабира ва сағира тақсим мешаванд. Гуноҳи кабира: ҳар гуноҳе аст, ки барои он ҷазои дунявӣ омада бошад, аз қабили ҳудуд, нафрин ва лаънат ва ё таҳдиди ухравӣ монанди таҳдиди дӯзахӣ шудан. Гуноҳони кабира дараҷаҳо доранд, ки таҳрими баъзеашон шадидтар аз дигараш аст. Ҳар гуноҳе, ки аз ҷумлаи гуноҳони кабира набошад, гуноҳи сағира аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

