Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад. Он ки бо худ мушк дорад (аттор) ё аз он ба ту медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ, ё аз он бӯйи хуш хоҳи ёфт. Аммо он ки дар кӯра медамад (оҳангар) ё либосатро месӯзонад, ё аз бӯйи бадаш ба ту мерасад."
Explanation
Тоифаи аввал: Ҳамнишин ва дӯсти некӯкоре, ки ба сӯи Аллоҳ ва розигии Ӯ роҳнамоӣ мекунад ва дар роҳи тоати Ӯ ёрӣ мерасонад. Пас ӯ монанди фурӯшандаи мушк аст, ки ё ба ту атр медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ, ё аз ӯ бӯйи хуш ба машомат мерасад.
Тоифаи дуввум: Ҳамнишин ва дӯсти бад, ки туро аз роҳи Аллоҳ боз медорад ва дар содир кардани гуноҳ туро ёрӣ мерасонад ва аз ӯ кори зишт мебинӣ ва бо сабаби ҳамнишинӣ бо ӯ сарзаниш мешавӣ. Пас ӯ монанди оҳангаре аст, ки дар оташи кӯрааш медамад, ё либосат ба сабаби шарораҳои он месӯзад, ё ин ки ба сабаби наздикӣ ба ӯ бӯйи бадаш ба ту мерасад.
Benefits
Ташвиқу тарғиб барои ҳамнишинӣ бо аҳли тоат ва солеҳон ва дурӣ аз аҳли фасод ва бадахлоқон.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

