Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе намебарояд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Ҳар он чиро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунидам, менавистам, мехостам онро ҳифз кунам. Аммо Қурайш манро аз ин кор манъ карданд ва гуфтанд: Оё ҳар чизеро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунавӣ, менависӣ, дар ҳоле ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) башар аст, ки дар хашм ва хушнудӣ сухан мегӯяд? Пас, даст аз навиштан бардоштам ва онро ба Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бозгӯ кардам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карданд ва гуфтанд: "Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе намебарояд."
Explanation
Сипас он чи гуфта буданд ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карда ва фармуданд: Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе берун намеояд, чи дар ҳоли хушнудӣ ва чи дар ҳоли хашму ғазаб.
Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд * [Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест) (Сураи Наҷм, оятҳои 3-4).
Benefits
Таваҷҷуҳи саҳобагон (разияллоҳу анҳум) бар ҳифзи суннат (ҳадисҳо Паёмбар) ва таблиғи он.
Савганд хӯрдан барои манфиат, монанди таъкид бар коре ҷоиз аст, агарчи аз шахс савганд талаб накунанд.
Яке аз муҳимтарин сабабҳои ҳифзи илм навистани он аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

