Савганд ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳеҷ кас аз ин уммат, хоҳ яҳудӣ ва хоҳ насронӣ бошад, (хабари паёмбарии) манро шунавад, сипас бимирад ва ба он чи ман фиристода шудаам, имон наоварад, магар ин ки аз аҳли ҷаҳаннам хоҳад буд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Савганд ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳеҷ кас аз ин уммат, хоҳ яҳудӣ ва хоҳ насронӣ бошад, (хабари паёмбарии) манро шунавад, сипас бимирад ва ба он чи ман фиристода шудаам, имон наоварад, магар ин ки аз аҳли ҷаҳаннам хоҳад буд."
Explanation
Benefits
Ҳар касе ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) кофир шавад, иддиои он ки ба дигар паёмбарон (салавотуллоҳи ъалайҳим аҷмаъин) имон дорад барояш суде надорад (ӯ кофир аст).
Касе аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нашунида бошад ва даъвати ислом барояш нарасида бошад, маъзур аст ва кори ӯ дар охират ба ихтиёри Аллоҳ аст.
Шахс аз ислом овардани худ баҳра мебарад, ҳатто агар андаке пеш аз марг ҳам бошад, ё дар бемории шадид бошад, ба шарте, ки рӯҳ ба гулӯ нарасида бошад.
Саҳеҳ ва дуруст донистани дини кофирон - аз ҷумла яҳудиён ва насрониён - куфр аст.
Зикр шудан аз яҳудиён ва насрониён дар ҳадис, навъе огоҳӣ барои дигар кофирон аст. Зеро яҳудиён ва насрониён китоб (Таврот, Инҷил) доранд ва агар ҳоли онон, ки китоб доранд, чунин аст, дигарон, ки китоб надоранд аз боби авло дар ин ҳукм дохиланд, ҳамаи онон бояд дар дини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дохил шаванд ва аз ӯ итоат кунанд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

