Ба ман панҷ чиз дода шудааст, ки пеш аз ман ба ҳеҷ паёмбаре дода нашудааст
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба ман панҷ чиз дода шудааст, ки пеш аз ман ба ҳеҷ паёмбаре дода нашудааст:
Аз масофаи якмоҳа душманонам дучори тарсу ваҳм мешаванд. Замин барои ман масҷид ва пок қарор дода шудааст, бинобар ин ҳар куҷо ки вақти намоз фаро расад, уммати ман ҳамонҷо (дар замин) намозашро мегузоранд. Ғаниматҳо барои ман ҳалол гардонида шуданд, дар ҳоле ки барои ҳеҷ касе пеш аз ман ҳалол набуданд. Ҳамчунин ба ман ҳаққи шафоат дода шудааст. Ва паёмбарони пеш аз ман танҳо ба қавми хеш фиристода мешуданд, вале ман ба ҳамаи мардум фиристода шудаам."
Explanation
Якум: Нусрат бо тарс; Худованд аз масофаи якмоҳа роҳ тарсро дар дилҳои душманонаш меандозад.
Дувум: Замин барои мо масҷид ва поккунанда қарор дода шудааст. Мусалмон метавонад дар ҳар куҷо бошад намоз гузорад ва дар ҳолати набудани об, ё зарар доштани он бо хок таяммум кунад.
Сеюм: Ғаниматҳои ҷангӣ барои мо ҳалол карда шуданд, он чизе, ки мусалмонон дар ҷанг бо кофирон ғанимат мегиранд.
Чаҳорум: Шафоати аъзам (шафоати бузург) ба ӯ дода шуд, ки дар рӯзи қиёмат сабаби осонӣ ва раҳоии мардум аз сахтиҳои он рӯз мегардад.
Панҷум: Ман ба тамоми халқ фиристода шудаам, ба ҳамаи инсонҳо ва ҷинҳо, дар ҳоле ки паёмбарони қаблӣ танҳо ба қавмҳои хеш фиристода мешуданд.
Benefits
Фазли бузурги Худованд бар ин уммат ва бар Паёмбари он (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба воситаи ин хислатҳои хос.
Хондани намоз дар вақти муайяншудааш ва дар ҳар ҳолате, ки бошад воҷиб аст. Инсон бояд то он андозае, ки метавонад, шартҳо, рукнҳо ва воҷиботи онро анҷом диҳад.
Шафоате, ки Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба таври махсус аз байни паёмбарон соҳиб шудааст, чанд намуд аст: Якум: Шафоати умумиашон барои тамоми мардум дар рӯзи қиёмат, то Худованд миёни онҳо ҳукм кунад ва қазо барпо шавад. Дувум: Шафоати ӯ барои дохил шудани аҳли биҳишт ба биҳишт. Сеюм: Шафоати махсусаш барои амакаш Абутолиб, ки барояш сабукии азоб дар дӯзах мешавад, на наҷот, зеро Абутолиб бо куфр вафот кардааст.
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хислатҳои бисёре доштанд, ки дар ин ҳадис зикр нашудаанд, аз ҷумла: доштани “каломи ҷомеъ” – суханони кӯтоҳ бо маъноҳои амиқ ва фарох. Хатми нубуват, бо ӯ рисолат ва паёмбарӣ анҷом ёфт. Қарор додани сафҳои намозгузорони умматаш монанди сафҳои фариштагон, яъне бо танзим ва тартиб. Ва дигар хислатҳо.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

