Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад". Гуфтанд: Эй Расули Худо чи касе саркашӣ мекунад? Гуфт: "Ҳар касе аз ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе нофармонӣ кунад саркашӣ кардааст".
Explanation
Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) гуфтанд: чи касе аз ворид шудан худдорӣ мекунад?
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҳар касе таслим шавад ва аз Паёмбар пайравӣ кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе саркашӣ кунад ва ба қонунҳои шариат таслим нашавад, бо сабаби корҳои бадаш аз ворид шудан ба биҳишт худдорӣ варзидааст.
Benefits
Итоат аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) муҷиби ворид шудан ба биҳишт ва сарпечӣ кардан аз ӯ муҷиби ворид шудан ба дӯзах аст.
Мужда барои фармонбардорони ин уммат, ки ҳамагон вориди биҳишт мешаванд, магар касе ки аз Худо ва паёмбараш нофармонӣ кунад.
Шафқат ва меҳрубонии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар уммати худ ва иштиёқи ӯ барои ҳидояти онон.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

