ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем?
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам.
Explanation
Benefits
Ҳамин гуна аз ин моҷаро рафтори нек ва нармрафтории Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар баробари саволдиҳанда ошкор мешавад, ва аз инҷо бармеояд, ки посухи нек аз сабабҳои пазируфтани даъват аст.
Муаррифӣ кардани шахс бо сифатҳое ҳамчун: сафедпӯст, гармрӯй, баланд, паст ва ғайра, ки ҳадаф аз он айбгирӣ набошад ва барои худи он шахс нописанд наояд, ҷоиз аст.
Дохил шудани кофир аз руи зарурат ба масҷид ҷоиз аст.
Дар ин ҳадиси мазкур ҳаҷ зикр нашудааст, чун эҳтимол дорад ҳануз он вақт ҳаҷ фарз нашуда буд.
Аз ривоят мазкур бармеояд, ки саҳобагони муштоқи даъвати мардум ба ин дин буданд, зеро ӯ чун ислом пазируфт ҳамзамон ба фикри даъвати қавми худ ба ин дин шуд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

