Вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид, Ҷибраил (Алайҳис-салом)
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид, Ҷибраил (Алайҳис-салом) -ро ба биҳишт фиристод ва ба ӯ гуфт: биҳишт ва ончи барои бошандагони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) биҳиштро дид ва баргашту гуфт: савганд ба иззати Ту ҳар касе сифати онро шунавад шефтаи он мешавад. Сипас Худованд фармуд то атрофи он бо сахтӣ ва душвориҳо печонида шавад. Боз Худованд ба Ҷабраил гуфт: бирав биҳишт ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба биҳишт назар кард ва дид, ки атрофи он бо сахтиҳо ва мушкилот печонида шудааст, гуфт: ба иззати Ту қасам, аз он метарсам, ки касе ба онҷо дохил нашавад. Худованд гуфт: бирав дӯзах ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба дӯзах назар кард, дид оташ болои ҳам аланга мезанад, баргашт ва гуфт: ба иззати Ту қасам касе ба он дохил намешавад. Худованд амр фармуд то атрофи он бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шавад. (Худованд) гуфт: баргард ва ба он назар кун. Ҷабраил дид дӯзах бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шудааст, баргашт ва гуфт: Қасам ба иззати Ту метарсам касе аз он наҷот нахоҳад ёфт".
Explanation
Benefits
Имон ба ғайб ва ба ҳар ончи аз ҷониби Худованд ва Паёмбараш (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, воҷиб аст.
Аҳамияти сабр бар сахтиҳо, зеро он роҳи расидан ба биҳишт аст.
Аҳамияти дурӣ ҷустан аз муҳаррамот, зеро он роҳи дӯзах ба рӯи бандаро мекушояд.
Роҳи расидан ба биҳишт бо сахтиҳо ва аз дӯзах бо шаҳавот сохта шудааст, ки ин худ як имтиҳон ва озмоиш дар зиндагии дунёст.
Роҳи расидан ба биҳишт бисёр сахт ва пурмашаққат аст, ки сабру бурдборӣ ва имондориро тақозо мекунад. Аммо роҳи расидан ба дӯзах ҳавову ҳавас ва шаҳавот аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

