Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ин калимаҳо дуо мекарданд: "Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам."
Explanation
Якум: (Худоё, ман ба Ту паноҳ меорам) яъне, ба Ту рӯй меорам ва аз Ту ёрӣ металабам, на аз ғайри Ту, (аз афзоиши қарз), аз он ки қарз бар ман зиёд гардад ва бо ғаму ташвиши он сахтӣ кашам. Инчунин аз ту мадад мехоҳам, то дар пардохти қарзам маро кумак кунӣ.
Дуюм: (Ва аз ғалабаи душман), аз он ки душман бар ман ғолиб шавад, маро мағлуб созад ё зулму ситам кунад. Ва ман аз ту хоҳони дифоъ ва ёрӣ бар ӯ ҳастам, то офаташро боздорӣ ва бароям пирӯзӣ ато кунӣ.
Сеюм: (Ва аз шодии душманон), паноҳ мебарам ба Ту, эй Парвардигор, аз он ки душманон аз бадбахтӣ, мусибат ё озоре, ки ба ман ё ба мусалмонон мерасад, хушҳол ва шод гарданд.
Benefits
Худи қарз гирифтан мамнуъ нест, вале ишкол дар мавриди касе аст, ки дар баргардонидани қарз вафо карда наметавонад. Ин қарзе аст, ки бар инсон ғолиб мегардад ва "қарзи ғолиб" номида мешавад.
Бояд инсон худро аз ҳолатҳое дур дорад, ки сабаби масхара ва шодии дигарон гардад.
Баёни душмании кофирон бо муъминон ва хушҳол шуданашон дар бадбахтиҳо ва мусибатҳои мусалмонон.
Изҳори шодии душманон аз мусибате, ки ба инсон расидааст, аз худи он мусибат барои инсон сахттар аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

