افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم.
#5483[Саҳеҳ]
HadeethEnc · 1.27.0

Парвадигоро! Иштибоҳот ва нодонию зиёдаравӣ дар корамро ва он чи Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, мағфират кун. Эй Аллоҳ! Гуноҳони ҷиддӣ, шӯхӣ ва саҳвӣ ва амдии маро бибахш, ва ман иқрор мешавам, ки муртакиби ҳамаи онҳо шудаам. Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам ва Ту аз ман ба онҳо донотар ҳастӣ, бибахш. Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ- ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ - ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ

Available translations

Choose an available translation of this Hadeeth

01

Hadeeth text

Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро мехонданд: "Парвадигоро! Иштибоҳот ва нодонию зиёдаравӣ дар корамро ва он чи Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, мағфират кун. Эй Аллоҳ! Гуноҳони ҷиддӣ, шӯхӣ ва саҳвӣ ва амдии маро бибахш, ва ман иқрор мешавам, ки муртакиби ҳамаи онҳо шудаам. Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам ва Ту аз ман ба онҳо донотар ҳастӣ, бибахш. Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ- ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ - ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ."
02

Explanation

Яке аз дуоҳои ҷомеъ ва комили Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд, ки мефармуданд:

"Парвардигоро! Хатогиям, гуноҳам ва нодониямро бибахш" Ва он чи надониста аз ман сар задааст, бибахш.

"Ва исрофам дар ҳама корҳоям", яъне камбудӣ ва аз ҳад гузарониам.

"Ва он чи Ту аз ман беҳтар медонӣ", ки ту, эй Аллоҳ, медонӣ ва ман фаромӯш кардаам.

"Ё Аллоҳ, хатоҳо ва гуноҳоне, ки ман қасдан ва дониста анҷом додаам, бибахш." Эй Аллоҳ, ҳамаи хатоҳо ва гуноҳонеро, ки аз рӯйи қасд ва бо огоҳӣ аз гуноҳ буданаш анҷом додаам, барои ман биёмурз.

"Ва ҷиддӣ ва шӯхӣ", яъне он чи аз шӯхӣ ва ҷиддӣ аз ман рух додааст, дар ҳарду ҳолат.

"Ва ҳамаи инҳо назди ман аст", яъне ҳама гуноҳон ва камбудиҳое, ки зикр карда шуд дар ман ҳаст.

"Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам", ҳар он чи ки гузашт, "ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад", ҳар он чи дар оянда меояд.

"ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам", Он чиро, ки пинҳонӣ ва ошкоро анҷом додаам.

"Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ - ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ." Касеро, ки мехоҳӣ ба раҳматат пеш мебарӣ ва тавфиқ медиҳӣ ба он чи ки Ту розӣ ҳастӣ. Ва касеро, ки мехоҳӣ аз он дур мегардонӣ ва ӯро хор мекунӣ, пас он чиро, ки Ту дур намудӣ, наздиккунандае нест ва он чиро наздик кардӣ, дуркунандае нест.

"Ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ", бо қудрат ва иродаи комил, ҳарчиро бихоҳӣ онро амалӣ мекунӣ.
03

Benefits

Фазилати ин дуо ва талоши пайравӣ кардан аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин дуо.
Наҳйи аз исроф, зеро исрофкунанда дар маърази муҷозот қарор дорад.
Худованд аз инсон бештар аз худи ӯ огоҳ аст, бинобар ин инсон бояд корҳои худро ба Худо супорад, зеро инсон метавонад нафаҳмида хато кунад.
Инсон метавонад ба хотири шӯхии худ ҳам мисли ҷиддӣ буданаш муҷозот шавад, пас бояд дар шӯхии худ эҳтиёт кунад.
Ибн Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Ман дар ҳеч яке аз ривоятҳои он маҳалли ин дуоро надидам, вале аксари онҳо ин дуоро дар охир овардаанд... Гуфта мешавад, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро дар намози шаб мехонд ва низ гуфта шудааст, ки дар охири намоз онро мехонд, вале ривоятҳо мухталифанд, ки оё пеш аз салом мехонд ё пас аз он? Ҳардуи инҳо ворид шудааст.
Оё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хато мекунад, то ин ки талаби мағфират кунад? Гуфта шудааст, ки ӯ инро аз рӯӣ тавозуъ ва фурутанӣ гуфтааст, ё аз даст рафтани камол ва тарки он чи беҳтар аст, гуноҳ дониста аст, ё мақсадашон саҳв будааст, ё он чи пеш аз паёмбариаш будааст. Инчунин гуфта шудааст, ки истиғфор ибодате аст, ки бояд анҷом дода шавад, на барои гирифтани мағфират, балки барои ибодат. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин як ҳушдор ва таълим барои уммат буд, то ки бепарво нашаванд ва истиғфорро тарк накунанд.

Attribution

[متفق عليه]

Categories

Share

Share hadeeth

Sharing options

0Views0Cards0Shares
Share

← Back to encyclopedia
Shopping Basket

Loading...